Аҳмадзода ба 60 нафар зану духтари Суғд грант дод

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ба 60 зани соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор грант дод
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар аз занону духтарон барои рушди ҳунармандӣ ва татбиқи лоиҳаҳое, ки дар озмун барои дарёфти грантҳо ғолиб омадаанд, кумаки молӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, ин кумак бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, инкишофи ҳунарҳои дастӣ, кор аз хона ва бо кор таъмин намудани занону духтарон ироа шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки маблағи умумии грант 420 ҳазор сомонӣ буда, муҳлати лоиҳа аз соли 2021 то соли 2025-ро дар бар мегирад.
Грантҳо ба занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор, ки лоиҳаҳои онҳо дар озмун ғолиб меоянд, дода мешавад.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Аҳмадзода барои занони ҳунарманду эҷодкор 60 грант ҷудо кардааст
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд, шаш нафар аз бонувони ҳунарманди шаҳри Хучанд, аз ҷумла Матлуба Ниёзова, Насиба Абдқодирова, Мутриба Султонова, Салима Кимсанова, Бароат Ӯрунова, Насиба Бобоҷонова аз панҷ то даҳ ҳазор сомонӣ соҳиби маблағи гранти раиси вилоят дар ҷодаи ҳунармандӣ гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон се нафар ғолиби озмуни "Атласу адраси Суғд -2021" Дилфуза Муқимова, Қурбоной Сатторова ва Мадина Анварова аз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мукофоти пулӣ гирифтанд.
Қаблан мақомоти Суғд эълон карда буданд, онҳое, ки барои дарёфти грант лоиҳа пешниҳод менамоянд, бояд ду соли охир дар маҳалли амалишавии он ҳамчун истиқоматкунанда ба қайд гирифта шуда бошанд. Муҳлати амалигардонии ҳар як лоиҳа камаш шаш моҳ буда, дар сурати берун аз ҳадаф сарф кардани маблағи ҷудошуда амали он боздошта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0