https://sputnik.tj/20220126/jazoi-tojikistoni-puli-qrim-1045163863.html
Талоши худкушӣ ё саҳназосӣ: ҷазои тоҷикистонӣ барои талаби музди меҳнат ба таври ғайриодӣ
Талоши худкушӣ ё саҳназосӣ: ҷазои тоҷикистонӣ барои талаби музди меҳнат ба таври ғайриодӣ
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷири тоҷик ба далели пардохт нашудани музди кораш талош кард худро аз болои пули Қрим дар Маскав сарозер кунад
2022-01-26T16:00+0500
2022-01-26T16:00+0500
2022-01-26T18:54+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷират
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1a/1045158356_0:0:3174:1785_1920x0_80_0_0_31cc43832ba64f42f04fabae324b5fe0.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Муҳоҷири тоҷик, ки мехост худро аз болои пули Қрим дар Маскав сарозер кунад, муҷозот шуд. Дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав хабар доданд. Маълум шуда, ки муҳоҷири 46-сола на танҳо тартиботи ҷамъиятиро дар пойтахт, балки қонуни муҳоҷиратро низ нақз кардааст. Ҳамин тариқ шаҳрванди Тоҷикистонро тибқи ду моддаи қонунгузории маъмурӣ муҷозот мекунанд. Муҳоҷир ба пулис гуфтааст, ба далели он ки музди меҳнаташро надодаанд, ба чунин амал даст задааст. Ёдовар мешавем, 25 январ як шаҳрванди Тоҷикистон ба сутуни пули Қрим баромада, таҳдид кард, ки худро сарозер мекунад. Мард чанд соат поён фаромадан нахост. Бар асари ин ҳодиса, ҳаракати нақлиёт дар 3 хатти пули Қрим ба сӯйи хиёбони Ленин қатъ шуд. Наҷотдиҳандагон 3 бор кӯшиш карданд, ки муҳоҷирро ба поён фароранд. Ду кӯшиши аввал бе натиҷа анҷом ёфт, аммо ахиран ба коршиносон муяссар шуд, ки сабаби ин амалро муайян созанд. Мард гуфт, агар музди корашро баргардонанд, ӯ мефарояд. Баробари иҷро шудани талаб ин марди тоҷик аз тариқи зинапояи сӯхторнишонӣ ба назди наҷотдиҳандагон фаромад. Дар поён ӯро аллакай пулис интизор буд.
https://sputnik.tj/20220126/saforat-tojikston-marg-muhojir-volgograd-tahqiqi-1045163688.html
https://sputnik.tj/20220126/zahroludshavi-tojikistoni-dokhili-moshin-rusiya-1045156890.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1a/1045158356_443:0:3174:2048_1920x0_80_0_0_ca067a994339173d31c551e7e4d00d6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷир, пули қрим, срозер
муҳоҷир, пули қрим, срозер
Талоши худкушӣ ё саҳназосӣ: ҷазои тоҷикистонӣ барои талаби музди меҳнат ба таври ғайриодӣ
16:00 26.01.2022 (Навсозишуда: 18:54 26.01.2022) Муҳоҷири тоҷик ба далели пардохт нашудани музди кораш талош кард, худро аз болои пули Қрим дар Маскав сарозер кунад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Муҳоҷири тоҷик, ки мехост худро аз болои пули Қрим дар Маскав сарозер кунад, муҷозот шуд. Дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав хабар доданд.
Маълум шуда, ки муҳоҷири 46-сола на танҳо тартиботи ҷамъиятиро дар пойтахт, балки қонуни муҳоҷиратро низ нақз кардааст.
Ҳамин тариқ шаҳрванди Тоҷикистонро тибқи ду моддаи қонунгузории маъмурӣ муҷозот мекунанд. Муҳоҷир ба пулис гуфтааст, ба далели он ки музди меҳнаташро надодаанд, ба чунин амал даст задааст.
Ёдовар мешавем, 25 январ як шаҳрванди Тоҷикистон ба сутуни пули Қрим баромада, таҳдид кард, ки худро сарозер мекунад. Мард чанд соат поён фаромадан нахост.
Бар асари ин ҳодиса, ҳаракати нақлиёт дар 3 хатти пули Қрим ба сӯйи хиёбони Ленин қатъ шуд. Наҷотдиҳандагон 3 бор кӯшиш карданд, ки муҳоҷирро ба поён фароранд.
Ду кӯшиши аввал бе натиҷа анҷом ёфт, аммо ахиран ба коршиносон муяссар шуд, ки сабаби ин амалро муайян созанд.
Мард гуфт, агар музди корашро баргардонанд, ӯ мефарояд. Баробари иҷро шудани талаб ин марди тоҷик аз тариқи зинапояи сӯхторнишонӣ ба назди наҷотдиҳандагон фаромад.
Дар поён ӯро аллакай пулис интизор буд.