https://sputnik.tj/20220126/zahroludshavi-tojikistoni-dokhili-moshin-rusiya-1045156890.html
Ҳалокати шаш тоҷикистонӣ бар асари заҳролудшавӣ дар Волгоград
Ҳалокати шаш тоҷикистонӣ бар асари заҳролудшавӣ дар Волгоград
Sputnik Тоҷикистон
Шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Волгоград бар асари заҳролудшавӣ ҷон додаанд
2022-01-26T13:53+0500
2022-01-26T13:53+0500
2022-01-26T14:09+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷират
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Мақомоти Волгоград ҳалокати шаш нафарро бар асари заҳролудшавӣ таъйид карданд. Дар раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Волгоград ба Sputnik Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро таъйид карда, афзуданд, ки феълан дар ҷои ҳодиса мутахассисон кор мекунанд. Таъкид карданд, ки иттилои бештар дар бораи қазия баъдан ироа хоҳад шуд. Ба иттилои РИА "Новости", гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хоҷагии фермерӣ дар ноҳияи Среднеахтубинск кор мекардаанд, аз гази хориҷкардаи муҳаррик заҳролуд шудаанд. Хабаргузории ТАСС навиштааст, ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар гармхонае дар ноҳияи Среднеахтубинск фаъолият мекарданд. Шарҳи расмие дар ин бора то ҳол ироа нашудааст. Назари сафорати Тоҷикистон дар Русия низ то ҳол дастрас нест. Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар бахшҳои гуногун фаъолият мекунанд.
https://sputnik.tj/20220125/saforat-qatl-shahrvand-tojikistonro-rusiya-1045109878.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заҳролудшавӣ, тоҷикистон, волгоград,
заҳролудшавӣ, тоҷикистон, волгоград,
Ҳалокати шаш тоҷикистонӣ бар асари заҳролудшавӣ дар Волгоград
13:53 26.01.2022 (Навсозишуда: 14:09 26.01.2022) Шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти Волгоград бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохтаанд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Мақомоти Волгоград ҳалокати шаш нафарро бар асари заҳролудшавӣ таъйид карданд.
Дар раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар вилояти Волгоград ба Sputnik Тоҷикистон рух додани ин ҳодисаро таъйид карда, афзуданд, ки феълан дар ҷои ҳодиса мутахассисон кор мекунанд. Таъкид карданд, ки иттилои бештар дар бораи қазия баъдан ироа хоҳад шуд.
Ба иттилои РИА "Новости", гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хоҷагии фермерӣ дар ноҳияи Среднеахтубинск кор мекардаанд, аз гази хориҷкардаи муҳаррик заҳролуд шудаанд.
"Шаш шаҳрванди Тоҷикистон шабро дар мошин, дар наздикии деҳаи Рахинка гузарондаанд, ки бо дастгоҳи ҳавотозакунӣ муҷаҳҳаз набудааст. Субҳ ҷасадҳои онҳо ёфт шудааст", - навиштааст "Интерфакс" аз қавли манобеяш.
Хабаргузории ТАСС навиштааст, ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар гармхонае дар ноҳияи Среднеахтубинск фаъолият мекарданд.
Шарҳи расмие дар ин бора то ҳол ироа нашудааст. Назари сафорати Тоҷикистон дар Русия низ то ҳол дастрас нест.
Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар бахшҳои гуногун фаъолият мекунанд.