Дар Душанбе қасре дар шакли дутору таблаку доира бунёд мешавад - акс

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкБашенный кран. Архивное фото
Башенный кран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Бинои нави Қасри фарҳанг дар пойтахти Тоҷикистон дар шакли асбобҳои мусиқӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанг дар пойтахтро муаррифӣ кардааст.
Бар асоси аксҳои нашркардаи мақомоти меъморӣ, бинои нав намуди дутор, доира ва таблакро хоҳад дошт. Таъкид шудааст, ки тарҳи мазкурро гурӯҳи лоиҳакашони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия кардааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз ин тарҳ тавсиф кардаанду бархеи дигар онро нишони салиқаи паст арзёбӣ намуда, афзудаанд, ки фарҳанг танҳо таблаку доира нест.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тайи қариб ҳафт соли охир Театри миллии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, "бузургтарин ва зеботарин" иншоот дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Таджикские дутаристки , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Фарҳанги тоҷикон дар Уфа муаррифӣ шуд
Бинои Театри миллӣ дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост карда, аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва панҷ ошёнаи рӯйизаминӣ иборат мебошад, ки баландиаш ба 34,5 метр хоҳад расид.
Тибқи лоиҳа, бинои театр аз се толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва ду толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад.
Лентаи хабарҳо
0