https://sputnik.tj/20220118/farhang-tojik-ufa-muarrifi-1044922560.html
Фарҳанги тоҷикон дар Уфа муаррифӣ шуд
Фарҳанги тоҷикон дар Уфа муаррифӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов фарҳанги Тоҷикистонро дар шаҳри Уфа муаррифӣ намуданд 18.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-18T19:20+0500
2022-01-18T19:20+0500
2022-01-18T20:49+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/17/1027231701_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_d8d5dd8c3e15b8d42de9f1b027bdc644.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон озмуни савуми байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ таҳти унвони "УРАЛ -ИЛЕ" барпо гардид.Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ ин озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Бошқирдистон ва Донишкадаи санъати шаҳри Уфа баргузор шудааст.Манбаъ меафзояд, аз ҳисоби донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни мазкур ансамбли созҳои халқии донишҷӯён иштирок намуд.Дар сози думбра донишҷӯи бахши савуми шуъбаи созҳои халқӣ Баротова Мадина ва синфи омӯзгор Лутфуллои Раҳматулло иштирок намуданд.Гуфта мешавад, ансамбли созҳои халқии донишҷӯён бо гирифтани ҷои якум ва Баротова Мадина бо гирифтани ҷои сеюм дар озмуни мазкур ғолиб омаданд.Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки пайваста дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, санъати мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
https://sputnik.tj/20220117/khonandagon-toyik-tekhas-medal-1044874549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/17/1027231701_118:0:1938:1365_1920x0_80_0_0_e71abc142ea3310b5563ef42337fdd4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, озмун
дар тоҷикистон, фарҳанг, озмун
Фарҳанги тоҷикон дар Уфа муаррифӣ шуд
19:20 18.01.2022 (Навсозишуда: 20:49 18.01.2022) Донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов фарҳанги Тоҷикистонро дар шаҳри Уфа муаррифӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон озмуни савуми байналмилалии навозандагони созҳои мусиқии анъанавӣ таҳти унвони "УРАЛ -ИЛЕ" барпо гардид.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ ин озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Бошқирдистон ва Донишкадаи санъати шаҳри Уфа баргузор шудааст.
Манбаъ меафзояд, аз ҳисоби донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов дар озмуни мазкур ансамбли созҳои халқии донишҷӯён иштирок намуд.
Дар сози думбра донишҷӯи бахши савуми шуъбаи созҳои халқӣ Баротова Мадина ва синфи омӯзгор Лутфуллои Раҳматулло иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ансамбли созҳои халқии донишҷӯён бо гирифтани ҷои якум ва Баротова Мадина бо гирифтани ҷои сеюм дар озмуни мазкур ғолиб омаданд.
Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки пайваста дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, санъати мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.