https://sputnik.tj/20220116/rusiya-vurud-muntazam-nato-ukraina-1044851110.html
"Маскав дигар наметавонад таҳаммул кунад": Песков аз вуруди НАТО ба Украина гуфт
"Маскав дигар наметавонад таҳаммул кунад": Песков аз вуруди НАТО ба Украина гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Русия дигар наметавонад вуруди мунтазами НАТО-ро ба Украина таҳаммул созад
2022-01-16T21:00+0500
2022-01-16T21:00+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
нато
дмитрий песков
суҳбат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976764_0:77:3050:1793_1920x0_80_0_0_d73b430c3186564fd9d291e5fab6ca6f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, ин кишвар дохил шудани мунтазами НАТО ба Украинаро мушоҳида дорад. Русия наметавонад вуруди НАТО-ро ба Украина дигар таҳаммул намояд, гуфт Песков дар суҳбат бо шабакаи телевизиони CNN.Ӯ ин нуктаро дар посух ба суол дар мавриди дидгоҳи Маскав ба вазъият атрофи Украина баён дошт. Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, чунин раванди ҳаводис муносиботи Русия ва НАТО-ро ба "хатти қирмиз" наздик овард ва Маскав "дигар наметавонад инро таҳаммул намояд". Песков афзуд, ки маҳз ба ҳамин далел Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар хитоб ба Ғарб аз таҳдиди воқеӣ ба амнияти кишвар гуфт. Вай зикр намуд, ки замони якҷояшавии Олмон, ИМА ваъда дод, ки НАТО ба сӯи шарқ васеъ намешавад, аммо ин нукта аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳия нашуда буду кафолатҳои ҳуқуқӣ надошт. Песков изҳор доштаст, ки Русия муҳим медонад, ки нерӯҳояшро дар марҳилаи мураккаб дар наздикии Украина нигоҳ дорад. Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО зимни шарҳи пешниҳодҳои Маскав дар мавриди густариш наёфтани ин эътилоф изҳор дошт, ки ҳар кишвар бояд ҳаққи мустақили интихоб дошта бошад, ки мехоҳад ба ин иттиҳоди низомӣ ворид шавад ва ё на.
https://sputnik.tj/20220114/lavrov-gharb-kosai-sabri-rusiyaro-labrez-kard-1044823309.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976764_306:0:3037:2048_1920x0_80_0_0_27314095279decd43f07bb23901068f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков, мунтазам, нато, украина, вуруд
песков, мунтазам, нато, украина, вуруд
"Маскав дигар наметавонад таҳаммул кунад": Песков аз вуруди НАТО ба Украина гуфт
21:00 16.01.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Русия дигар наметавонад вуруди мунтазами НАТО-ро ба Украина таҳаммул созад
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, ин кишвар дохил шудани мунтазами НАТО ба Украинаро мушоҳида дорад.
Русия наметавонад вуруди НАТО-ро ба Украина дигар таҳаммул намояд, гуфт Песков дар суҳбат бо шабакаи телевизиони CNN.
"Вуруди НАТО-ро ба Украина бо инфрасохтори худ, захираҳои мудофиавӣ ва ҳамлаӣ, тамрини низомиёни украинӣ ва амсоли инро мушоҳида дорем", - гуфт Песков.
Ӯ ин нуктаро дар посух ба суол дар мавриди дидгоҳи Маскав ба вазъият атрофи Украина баён дошт.
Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, чунин раванди ҳаводис муносиботи Русия ва НАТО-ро ба "хатти қирмиз" наздик овард ва Маскав "дигар наметавонад инро таҳаммул намояд".
Песков афзуд, ки маҳз ба ҳамин далел Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар хитоб ба Ғарб аз таҳдиди воқеӣ ба амнияти кишвар гуфт.
Вай зикр намуд, ки замони якҷояшавии Олмон, ИМА ваъда дод, ки НАТО ба сӯи шарқ васеъ намешавад, аммо ин нукта аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳия нашуда буду кафолатҳои ҳуқуқӣ надошт.
Песков изҳор доштаст, ки Русия муҳим медонад, ки нерӯҳояшро дар марҳилаи мураккаб дар наздикии Украина нигоҳ дорад.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.
Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО зимни шарҳи пешниҳодҳои Маскав дар мавриди густариш наёфтани ин эътилоф изҳор дошт, ки ҳар кишвар бояд ҳаққи мустақили интихоб дошта бошад, ки мехоҳад ба ин иттиҳоди низомӣ ворид шавад ва ё на.