https://sputnik.tj/20220121/lavrov-blinken-muzokirot-ima-intizori-1045009910.html
Лавров бо Блинкен музокирот мекунад: ИМА интизориҳояшро гуфт
Лавров бо Блинкен музокирот мекунад: ИМА интизориҳояшро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар арафаи мулоқот бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, аз ин музокирот интизориҳои зиёд надорад
2022-01-21T11:20+0500
2022-01-21T11:20+0500
2024-10-24T16:41+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
сергей лавров
гуфтушунид
женева
музокирот
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/05/1043949464_0:0:3235:1821_1920x0_80_0_0_23d7884b691d238439b9a5847ca97fba.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Блинкен мегӯяд, аз мулоқоташ бо Лавров, ки рӯзи ҷумъа дар Женева баргузор мешавад, пешрафтҳои хосеро интизор надорад. "Интизориҳои бузурге надорам", - овардааст РИА "Новости" аз қавли котиби давлатии ИМА аз суҳбаташ бо телевизионии олмонии ZDF. Вай афзуд, ки то ҳол музокироти зиёде бо ҷониби Русия сурат гирифтаанд ва дар мулоқоти Женева маълум хоҳад шуд, ки ҷонибҳо чӣ хулосае барои худ баровардаанд. Ба иттилои манобеи РИА "Новости", ин музокирот соати 13:00 бо вақти Маскав оғоз хоҳад шуду ҳудуди 2,5 соат давом мекунад. Дар пайи ин мулоқот нишасти матбуотии Лавров ва Блинкен дар назар аст.Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд. Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд. Ба гуфтаи Лавров, Маскав интизор дорад, Ғарб ба ҳар як пешниҳоди ҷониби Русия посухи хаттӣ медиҳад. Вай афзуд, шарикони ғарбӣ дарк менамоянд, ки Русия абадан мунтазир намемонад ва бояд зарурати вокуниши фавриро фаҳмида бошанд.
https://sputnik.tj/20220120/rais-nato-terroristho-osiyoi-markazi-video-1044983014.html
женева
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/05/1043949464_504:0:3235:2048_1920x0_80_0_0_026ee520802963c93db14bdeac6b6c19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лавров, блинкен, музокирот, има, женева, русия
лавров, блинкен, музокирот, има, женева, русия
Лавров бо Блинкен музокирот мекунад: ИМА интизориҳояшро гуфт
11:20 21.01.2022 (Навсозишуда: 16:41 24.10.2024) Котиби давлатии ИМА дар арафаи мулоқот бо вазири умури хориҷии Русия гуфт, аз ин музокирот интизориҳои зиёд надорад
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Блинкен мегӯяд, аз мулоқоташ бо Лавров, ки рӯзи ҷумъа дар Женева баргузор мешавад, пешрафтҳои хосеро интизор надорад.
"Интизориҳои бузурге надорам", - овардааст РИА "Новости" аз қавли котиби давлатии ИМА аз суҳбаташ бо телевизионии олмонии ZDF.
Вай афзуд, ки то ҳол музокироти зиёде бо ҷониби Русия сурат гирифтаанд ва дар мулоқоти Женева маълум хоҳад шуд, ки ҷонибҳо чӣ хулосае барои худ баровардаанд.
Ба иттилои манобеи РИА "Новости", ин музокирот соати 13:00 бо вақти Маскав оғоз хоҳад шуду ҳудуди 2,5 соат давом мекунад. Дар пайи ин мулоқот нишасти матбуотии Лавров ва Блинкен дар назар аст.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд. Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.
Ба гуфтаи Лавров, Маскав интизор дорад, Ғарб ба ҳар як пешниҳоди ҷониби Русия посухи хаттӣ медиҳад. Вай афзуд, шарикони ғарбӣ дарк менамоянд, ки Русия абадан мунтазир намемонад ва бояд зарурати вокуниши фавриро фаҳмида бошанд.