https://sputnik.tj/20220120/rais-nato-terroristho-osiyoi-markazi-video-1044983014.html
Раисӣ: НАТО нияти интиқоли террористҳо ба Осиёи Миёнаро дорад - видео
Раисӣ: НАТО нияти интиқоли террористҳо ба Осиёи Миёнаро дорад - видео
Sputnik Тоҷикистон
Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, зимни суханронияш дар парлумони Русия аз ниятҳои Эътилофи Атлантикаи шимолӣ - НАТО ҳушдор дод
2022-01-20T17:15+0500
2022-01-20T17:15+0500
2022-01-20T18:32+0500
дар ҷаҳон
маскав
эрон
интиқол
раисӣ
ҳастаӣ
террорист
иброҳим раисӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044980396_0:108:3000:1796_1920x0_80_0_0_75d45e97cad23d06345064e2e015e138.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. НАТО нияти интиқоли террористҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро дорад, гуфт президенти Эрон зимни суханронияш дар ҳузури вакилони Русия. "Онҳо нақшаҳои хеле мураккабе барои интиқоли террористҳо бо ҳадафҳои гуногун ба Қафқоз то Осиёи Миёнаро доранд", - изҳор дошт Иброҳими Раисӣ дар Думаи давлатӣ.Ба гуфтаи раисҷумҳури Эрон, ҳадафи асосии НАТО ноорому заиф кардани кишварҳои мустақил аз дохилашон мебошад. Барои ин эътилоф таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ мекунаду талош дорад, суботро вайрон намояд. Вай илова намуд, ки вуруди Ғарб бо баҳонаи гуногун аз қабили густариши модели ғарбии демократӣ ва мухолифташон бо демократияҳои мустақил сурат мегирад. Президенти Эрон илова намуд, ки чунин иқдомоти НАТО боиси парокандашавии он хоҳанд шуд, чун давлатҳо аллакай сирри фиребкории онро дарк намудаанд. Раисӣ инчунин якҷоя кардани талошҳои Маскаву Теҳронро барои ҷилавгирӣ аз дахолати берунӣ ба корҳояшон муҳим хонд. Ӯ инчунин аз оҳанги Русия барои гузарондани конфронси масоили амниятӣ бо роҳбарони Чин, Покистон ва Туркия истиқбол намуд. Вай илова намуд, ки Эрон нияти сохтани силоҳи ҳастаиро надорад ва агар Ғарб таҳримҳоро лағв кунад, омодаи созиш дар ин масъала мебошад.
https://sputnik.tj/20220114/lavrov-talosh-ziyod-nooromi-osiyoi-markazi-1044814519.html
маскав
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044980396_243:0:2910:2000_1920x0_80_0_0_6c838dd909b117464f8fc49da7e40a0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисӣ, нато, қасд, ноором, осиёи миёна, президенти эрон, террористҳо
раисӣ, нато, қасд, ноором, осиёи миёна, президенти эрон, террористҳо
Раисӣ: НАТО нияти интиқоли террористҳо ба Осиёи Миёнаро дорад - видео
17:15 20.01.2022 (Навсозишуда: 18:32 20.01.2022) Раисҷумҳури Эрон зимни суханронияш дар парлумони Русия аз ниятҳои Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. НАТО нияти интиқоли террористҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро дорад, гуфт президенти Эрон зимни суханронияш дар ҳузури вакилони Русия.
"Онҳо нақшаҳои хеле мураккабе барои интиқоли террористҳо бо ҳадафҳои гуногун ба Қафқоз то Осиёи Миёнаро доранд", - изҳор дошт Иброҳими Раисӣ дар Думаи давлатӣ.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Эрон, ҳадафи асосии НАТО ноорому заиф кардани кишварҳои мустақил аз дохилашон мебошад. Барои ин эътилоф таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ мекунаду талош дорад, суботро вайрон намояд.
Вай илова намуд, ки вуруди Ғарб бо баҳонаи гуногун аз қабили густариши модели ғарбии демократӣ ва мухолифташон бо демократияҳои мустақил сурат мегирад.
Президенти Эрон илова намуд, ки чунин иқдомоти НАТО боиси парокандашавии он хоҳанд шуд, чун давлатҳо аллакай сирри фиребкории онро дарк намудаанд.
Раисӣ инчунин якҷоя кардани талошҳои Маскаву Теҳронро барои ҷилавгирӣ аз дахолати берунӣ ба корҳояшон муҳим хонд. Ӯ инчунин аз оҳанги Русия барои гузарондани конфронси масоили амниятӣ бо роҳбарони Чин, Покистон ва Туркия истиқбол намуд.
Вай илова намуд, ки Эрон нияти сохтани силоҳи ҳастаиро надорад ва агар Ғарб таҳримҳоро лағв кунад, омодаи созиш дар ин масъала мебошад.