Истеҳсоли ками алюминий: президент хост, “ТАлКо” бо тамоми иқтидор ба кор дароварда шавад

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон дастур додааст, ки Ширкати алюминиуми тоҷик ё “ТАлКо” бо тамоми тавоноияш ба кор андохта шавад
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Дар пайи кам шудани тавлиди алюминийи аввалия дар Тоҷикистон президенти кишвар хостааст, “ТАлКо” бо тамоми иқтидораш ба кор дароварда шавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалия 23,5 ҳазор тонна ё беш аз 28 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар пайи ин президент ба вазири саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти Ширкати алюминийи тоҷик супориш додааст, ки ҷиҳати пурра барқарор кардани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти ниҳоӣ аз алюминийи аввалия чораҷӯӣ намоянд.
Раҳмон гуфтааст, ки барои фаъолияти муназзами коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар тамоми фаслҳои сол бо нерӯи барқ таъмин кардани онҳо нақши асосӣ мебозад.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Мулоқоти Раҳмон бо Глазенберг: иқтидори “ТАЛКО”- ро то 1 миллион тонна расониданиянд
Аз ин рӯ тақвият бахшидани корҳо дар самти истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ, кам кардани талафоти техникиву тиҷоратии он, таъмин намудани самаранокии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, интиқол ва тақсимоти барқ, инчунин вусъат додани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории вобаста ба рақамикунонӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа мебошад.
Вобаста ба ин масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар робита ба роҳандозӣ кардани низоми ҳавасмандии ҳамкории мутақобила дар байни соҳаҳои марбут, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани тарифҳои муносиб, ки самаранокии фаъолияти онҳоро таъмин мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон Вазорати саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ вазифадор карда шуданд, ки корро дар самти ба кор андохтани Ҷамъияти саҳҳомии "Азот" тақвият бахшанд.
Аз ин ниҳодҳо инчунин талаб шудааст, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дигар минтақаҳои кишвар ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании нисбатан арзон иқдом кунанд.
Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии Азот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Корхонаи “Азот”-и Вахши Тоҷикистон фурӯхта шуд
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳҳомии "Азот" ягона корхонаи нуриҳои кимиёии кишвар дар вилояти Хатлон аст, ки қаблан Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфта буд, он дар як тендер фурӯхта шуд ва ҳанӯз натоиҷи ниҳоии он эълом нашудааст.
Кумита нархи саҳҳоми ин корхонаро 200 миллион доллар эълом кард ва изҳор дошт, ки ҳадаф аз фурӯши ин воҳиди тавлидӣ ҷазби сармояи хориҷӣ ва эҷоди ҷойи кор будааст.
Лентаи хабарҳо
0