https://sputnik.tj/20210630/muloqot-rahmon-glazenberg-iqtidori-talko-1040528568.html
Мулоқоти Раҳмон бо Глазенберг: иқтидори “ТАЛКО”- ро то 1 миллион тонна расониданиянд
Мулоқоти Раҳмон бо Глазенберг: иқтидори “ТАЛКО”- ро то 1 миллион тонна расониданиянд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо Айван Глазенберг афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва то як миллион тонна расонидани онро баррасӣ кард
2021-06-30T08:00+0500
2021-06-30T08:00+0500
2021-06-30T11:56+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ҳамкорӣ
талко
швейтсария
мулоқот
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_0:154:2943:1809_1920x0_80_0_0_be2ec36a0cbbfeef40034ac3d9170e42.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенбергро дидору мулоқот кардааст.Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури кишвар, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария, баррасӣ карда шуд.Таъкид гардидааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” бо “ТАЛКО” дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкориҳо мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ду ширкат танҳо дар 5 соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод, афзудааст манбаъҲамзамон дар мулоқот масъалаҳои азнавсозии технологии Ширкати Алюминийи Тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна, мавриди муҳокима қарор дода шуд.Ҳамчунин зимни вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву тсинки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ, баррасӣ гардид.
https://sputnik.tj/20210524/firistodai-faronsa-tamir-talko-shinos-1039705442.html
швейтсария
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_164:0:2780:1962_1920x0_80_0_0_0569f3b1f73e3ecc350ef9845f9e2b25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот раҳмон глазенберг иқтидор “талко”
мулоқот раҳмон глазенберг иқтидор “талко”
Мулоқоти Раҳмон бо Глазенберг: иқтидори “ТАЛКО”- ро то 1 миллион тонна расониданиянд
08:00 30.06.2021 (Навсозишуда: 11:56 30.06.2021) Эмомалӣ Раҳмон бо Айван Глазенберг афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва то як миллион тонна расонидани онро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 июн— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо президенти ширкати байналмилалии “Гленкор“ (Glencore International AG) Айван Глазенбергро дидору мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури кишвар, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария, баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардидааст, ки дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва шарикии самараноки ширкати “Гленкор” бо “ТАЛКО” дар соҳаи истеҳсоли алюминий намунаи хуби чунин ҳамкориҳо мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ду ширкат танҳо дар 5 соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил дод, афзудааст манбаъ
Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои азнавсозии технологии Ширкати Алюминийи Тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ имконияти ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву тсинки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ, баррасӣ гардид.