https://sputnik.tj/20210217/Korkhonai-Azot--Vakhsh-Tajikistan-furkhta-shud-1032839045.html
Корхонаи “Азот”-и Вахши Тоҷикистон фурӯхта шуд
Корхонаи “Азот”-и Вахши Тоҷикистон фурӯхта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз фурӯши ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии кишвар дар вилояти Хатлон тавассути як... 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T10:15+0500
2021-02-17T10:15+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
саноат
вахш
фурӯш
кимиёвӣ
кимиё
хатлон
тендер
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101403/02/1014030213_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_f1a909e81ac8d12416d7bf9e416e53f0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ахиран дар нишасти хабарие гуфт, ки корхонаи “Азот” дар як тендер фурӯхта шуд ва ҳанӯз натоиҷи ниҳоии он эълом нашудааст.Вай нархи саҳҳоми ин корхонаро 200 миллион доллар эълом кард ва изҳор дошт, ки ҳадаф аз фурӯши ин воҳиди тавлидӣ ҷазби сармояи хориҷӣ ва эҷоди ҷойи кор будааст. Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон қарордоди таҷдиди таҷҳизоти корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш дар шаҳри Сарбандро бо ширкати чинии "Ҳайнан Чжэцзян Я" бекор кард.Сабаби ин амал дар он аст, ки ширкати чинӣ ӯҳдадориҳои худро дар соҳаи таҷдиди таҷҳизоти корхона иҷро накард.Дар моҳи сентябри соли 2016, ширкати чинии "Ҳайнан Чжэцзян Я" саҳмияҳои ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистонро харид ва ваъда дод, ки таҷдиди ин корхонаро бо харҷи 360 миллион доллар дар соли 2018 ба анҷом мерасонад.Пешбинӣ мешуд, ки корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш пас аз бозсозӣ зимни таъмини ниёзи Тоҷикистон заминаи содироти як миллион тонна маҳсулоти кимиёвӣ ба Афғонистон ва 300 ҳазор тонна ба Қирғизистонро низ фароҳам кунад.
https://sputnik.tj/20200801/Chiniho-natonistand-korkhonai-Azot-ba-furush-guzoshta-meshavad-1031668190.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101403/02/1014030213_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_039b03d55e910bbf74af213ad83a91dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, саноат, вахш, фурӯш, кимиёвӣ, кимиё, хатлон, тендер
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, саноат, вахш, фурӯш, кимиёвӣ, кимиё, хатлон, тендер
Корхонаи “Азот”-и Вахши Тоҷикистон фурӯхта шуд
10:15 17.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз фурӯши ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии кишвар дар вилояти Хатлон тавассути як тендер хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ахиран дар нишасти хабарие гуфт, ки корхонаи “Азот” дар як тендер фурӯхта шуд ва ҳанӯз натоиҷи ниҳоии он эълом нашудааст.
Вай нархи саҳҳоми ин корхонаро 200 миллион доллар эълом кард ва изҳор дошт, ки ҳадаф аз фурӯши ин воҳиди тавлидӣ ҷазби сармояи хориҷӣ ва эҷоди ҷойи кор будааст.
Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон қарордоди таҷдиди таҷҳизоти корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш дар шаҳри Сарбандро бо ширкати чинии "Ҳайнан Чжэцзян Я" бекор кард.
Сабаби ин амал дар он аст, ки ширкати чинӣ ӯҳдадориҳои худро дар соҳаи таҷдиди таҷҳизоти корхона иҷро накард.
Дар моҳи сентябри соли 2016, ширкати чинии "Ҳайнан Чжэцзян Я" саҳмияҳои ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистонро харид ва ваъда дод, ки таҷдиди ин корхонаро бо харҷи 360 миллион доллар дар соли 2018 ба анҷом мерасонад.
Пешбинӣ мешуд, ки корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш пас аз бозсозӣ зимни таъмини ниёзи Тоҷикистон заминаи содироти як миллион тонна маҳсулоти кимиёвӣ ба Афғонистон ва 300 ҳазор тонна ба Қирғизистонро низ фароҳам кунад.