https://sputnik.tj/20220119/panj-moshin-garonbaho-qallobi-dushanbe-1044935313.html
Панҷ мошини гаронбаҳоро фурӯхту пулро ба соҳибашон надод: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе
Панҷ мошини гаронбаҳоро фурӯхту пулро ба соҳибашон надод: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз таҳқиқи як ҳолати дигари қаллобӣ дар бозори харидуфурӯши мошин дар кишвар хабар дод
2022-01-19T13:25+0500
2022-01-19T13:25+0500
2022-01-19T18:54+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
мошин
қаллобӣ
фиреб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044955673_0:191:3283:2038_1920x0_80_0_0_be6f0b468915889a6f09caa319b83698.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Маъмурини милиса сокини 42-солаи ноҳияи Айниро боздошт карданд, ки дар фиреби як бошандаи шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳам моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, панҷ автомашинаи тамғаҳои гуногуни ӯро нархгузорӣ карда гирифтааст. Дар феҳрасти мошинҳои гирифташуда як адад “Тойота-Камри”, ду "Лексус-350", "Хендай-Саната" ва “Тойота Версо" номбар шудаанд. Мақомот мегӯянд, нархи мувофиқакардаи ҷонибҳо 775 ҳазор сомониро ташкил додааст, аммо муттаҳам мошинҳоро фурӯхта, пулро ба манфиати шахсияш истифода намудасту ба соҳиби худравҳо маблағе надодааст.Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳолатҳои фиребкорӣ дар бозори худравҳо тайи вақтҳои охир хабарҳои зиёде нашр мекунанд. Аз ҷумла ахиран як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буданд. Ӯ дар он гумонбар дониста мешуд, ки аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.Инчунин як марди 41-солаи дигарро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд, ки бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ шаш адад автомашинаи гуногунтамғаро нарх гузошта, насия гирифтаст, аммо пулро надодааст. Мақомот зарари расонидашуда дар ин ҳолатро 442 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд.
https://sputnik.tj/20220111/tahqiq-qallob-bileti-havopaymo-somoni-1044711532.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/13/1044955673_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_462dfb8138be379808194b718c5def75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қаллобӣ, фурӯш, мошин, пул, соҳиб
қаллобӣ, фурӯш, мошин, пул, соҳиб
Панҷ мошини гаронбаҳоро фурӯхту пулро ба соҳибашон надод: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе
13:25 19.01.2022 (Навсозишуда: 18:54 19.01.2022) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз таҳқиқи як ҳолати дигари қаллобӣ дар зимни харидуфурӯши мошин дар кишвар хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Маъмурини милиса сокини 42-солаи ноҳияи Айниро боздошт карданд, ки дар фиреби як бошандаи шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, муттаҳам моҳи феврали соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини пойтахт даромада, панҷ автомашинаи тамғаҳои гуногуни ӯро нархгузорӣ карда гирифтааст. Дар феҳрасти мошинҳои гирифташуда як адад “Тойота-Камри”, ду "Лексус-350", "Хендай-Саната" ва “Тойота Версо" номбар шудаанд.
Мақомот мегӯянд, нархи мувофиқакардаи ҷонибҳо 775 ҳазор сомониро ташкил додааст, аммо муттаҳам мошинҳоро фурӯхта, пулро ба манфиати шахсияш истифода намудасту ба соҳиби худравҳо маблағе надодааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳолатҳои фиребкорӣ дар бозори худравҳо тайи вақтҳои охир хабарҳои зиёде нашр мекунанд.
Аз ҷумла ахиран як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буданд. Ӯ дар он гумонбар дониста мешуд, ки аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Инчунин як марди 41-солаи дигарро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд, ки бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ шаш адад автомашинаи гуногунтамғаро нарх гузошта, насия гирифтаст, аммо пулро надодааст. Мақомот зарари расонидашуда дар ин ҳолатро 442 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд.