Таҳқиқи қаллобӣ: барои билети ҳавопаймо 208 ҳазор сомонӣ гирифту барнагардонд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ҳолати дигари қаллобӣ дар зимни додугирифти маблағ барои билети ҳавопайморо тафтиш мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Мақомот мегӯянд, ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 31-сола, сокини ноҳияи Файзобод арз кардааст, ки мавриди қаллобӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муроҷиаткунанда изҳор доштааст, 15-уми августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷавони 28-сола, сокини шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб аз ӯ 208 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин маблағро барои харидории билети ҳавопаймо аз ӯ гирифта, аммо то ҳол ба соҳибаш барнагардондааст.
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Дуздӣ, роҳзанӣ, авбошӣ, қаллобӣ кам шуд: гузориши милисаи Душанбе аз кораш дар соли 2021
Манбаъ тафсилоти дигарро ироа накардааст, танҳо афзудааст, ки феълан тафтиши ин ҳолат идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар пасманзари пандемияи каронавирус нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия аз 10 ҳазор сомонӣ низ гузашта буд. Дар бисёри ҳолатҳо чиптаҳо аз тариқи миёнаравҳо бо нархҳои ҳангуфт фурӯхта мешуданду дар ҳолатҳои дигар мусофирон пас аз пардохти пул фиреб мехӯрданд.
Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти чандин гурӯҳи қаллоб бо иттиҳоми фиреби мусофирон хабар дода, аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки билетро танҳо аз билетфурӯшиҳои расмӣ харидорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0