https://sputnik.tj/20220119/muttaqi-amriko-muzokira-masoil-faqat-doroiho-ozod-kuned-1044945768.html
Муттақӣ ба Амрико: Омодаи музокира рӯи тамоми масоилем, фақат дороиҳои моро озод кунед
Муттақӣ ба Амрико: Омодаи музокира рӯи тамоми масоилем, фақат дороиҳои моро озод кунед
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати умури хориҷаи толибҳо дар нишасти иқтисодии ин гурӯҳ гуфт, ки мо аз Амрико мехоҳем, ки пулҳои мунҷамидшудаи Афғонистонро озод куад ва мо барои баҳс рӯи тамоми масоил омода ҳастем
2022-01-19T17:45+0500
2022-01-19T17:45+0500
2022-01-19T20:23+0500
има
амрико
афғонистон
толибон
пул
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013525_0:0:2713:1526_1920x0_80_0_0_c031255c29b2e8c3c052646db2a11b23.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Нахустин нишасти иқтисодии толибон бо ҳузури намояндаи Созмони Милал ахиран дар кохи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон аз Амрико хост, дороиҳои Афғонистонро озод кунад ва қайд кард, ки толибон омода ҳастанд, бо Амрико дар тамоми масоил музокира кунанд.Сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибҳо ҳамчунон гуфт, ки онон барои иттисоли минтақаӣ ва эҷоди равобити иқтисодимеҳвари Афғонистон бо кишварҳои дигар гомҳои муҳим бардоштаанд.Вай таъкид мекунад, ҳукумати толибон бо раҳбарии ин гурӯҳ бо ҷаҳон равобити хуб барқарор кардааст ва онҳо талош доранд, равобит дар асоси сиёсати мутавозин бо ҷаҳонро барқарор кунанд.Дар ҳамин ҳол Дебора Лайонс, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, СММ барои озод кардани захираҳои асъори Афғонистон дар ҳоли музокира аст ва умедвор аст, ки онҳо тавонанд ба натиҷае бирасанд.Аммо вай таъкид кард, мушкилоте, ки бар асари мунҷамид шудани пулҳои Афғонистон ба вуҷуд омадааст, бояд дар натиҷаи талошҳои муштараки бахши давлатӣ ва хусусӣ ҳал шавад.Лайонс ҳамчунон хотирнишон кард, ки барои рафъи таҳримҳо алайҳи ҳукумати сарпарасти толибон садои худро баланд кардааст.
https://sputnik.tj/20211214/ima-barnomae-ozod-pul-afghonistonro-1044150558.html
има
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013525_0:0:2713:2036_1920x0_80_0_0_810c341d9ab50415b5aa0522a06d95a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, амрико, има, дороиҳо, озод кардан, баҳс
афғонистон, амрико, има, дороиҳо, озод кардан, баҳс
Муттақӣ ба Амрико: Омодаи музокира рӯи тамоми масоилем, фақат дороиҳои моро озод кунед
17:45 19.01.2022 (Навсозишуда: 20:23 19.01.2022) Сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибҳо дар нишасти иқтисодии ин гурӯҳ гуфт, ки "мо аз Амрико мехоҳем, пулҳои мунҷамидшудаи Афғонистонро озод кунад ва мо барои баҳс рӯи тамоми масоил омода ҳастем"
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Нахустин нишасти иқтисодии толибон бо ҳузури намояндаи Созмони Милал ахиран дар кохи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон аз Амрико хост, дороиҳои Афғонистонро озод кунад ва қайд кард, ки толибон омода ҳастанд, бо Амрико дар тамоми масоил музокира кунанд.
Сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибҳо ҳамчунон гуфт, ки онон барои иттисоли минтақаӣ ва эҷоди равобити иқтисодимеҳвари Афғонистон бо кишварҳои дигар гомҳои муҳим бардоштаанд.
"Мо аз Иёлоти Муттаҳида даъват мекунем, ки пулҳои мунҷамидшудаи Афғонистонро раҳо кунад ва мо омода ҳастем, ҳама масъалаҳоро баррасӣ кунем", - афзуд ӯ.
Вай таъкид мекунад, ҳукумати толибон бо раҳбарии ин гурӯҳ бо ҷаҳон равобити хуб барқарор кардааст ва онҳо талош доранд, равобит дар асоси сиёсати мутавозин бо ҷаҳонро барқарор кунанд.
Дар ҳамин ҳол Дебора Лайонс, фиристодаи вижаи Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, СММ барои озод кардани захираҳои асъори Афғонистон дар ҳоли музокира аст ва умедвор аст, ки онҳо тавонанд ба натиҷае бирасанд.
Аммо вай таъкид кард, мушкилоте, ки бар асари мунҷамид шудани пулҳои Афғонистон ба вуҷуд омадааст, бояд дар натиҷаи талошҳои муштараки бахши давлатӣ ва хусусӣ ҳал шавад.
Лайонс ҳамчунон хотирнишон кард, ки барои рафъи таҳримҳо алайҳи ҳукумати сарпарасти толибон садои худро баланд кардааст.