https://sputnik.tj/20211214/ima-barnomae-ozod-pul-afghonistonro-1044150558.html
ИМА гуфт, барномае барои озод кардани пулҳои Афғонистон надорад
ИМА гуфт, барномае барои озод кардани пулҳои Афғонистон надорад
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида нияти озод кардани пулҳои Афғонистонро надоранд
2021-12-14T16:25+0500
2021-12-14T16:25+0500
2021-12-14T20:44+0500
има
афғонистон
толибон
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033030772_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_fe0471e94355a9824c4ac84e4c84998f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Кохи Сафед ахиран эълон кард, ки қасди озод кардани захираҳои пулии Афғонистонро надорад, ки дар бонкҳои хориҷӣ масдуд шудаанд.Зиёда аз 10 миллиард доллар захоири арзии Бонки марказии Афғонистон аз замони суқути ҳукумати қаблӣ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида мунҷамид шудааст. Аксари ин маблағҳо дар бонкҳои Иёлоти Муттаҳида масдуд шудаанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Амирхон Муттакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, миллиардҳо доллари Афғонистони мунҷамидшударо раҳо кунанд. Оқои Муттакӣ таъкид кард, ки бесуботӣ ва заъиф шудани ҳукумати нави Афғонистон ба касе нафъе надорад. Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед дар вокуниш ба изҳороти Муттакӣ гуфт, масъалаи раҳоии пулҳои Афғонистон печида аст ва сабабҳои масдуд кардани дастрасӣ ба он вуҷуд дорад. Ҷен Псаки ахиран дар нишасти хабарие гуфт: "Сабабҳое вуҷуд доранд, ки ин захираҳо дастнорас боқӣ мемонанд." Вай афзуд, яке аз сабабҳо даъвои бархе аз қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр аст. Псаки афзуд, Амрико талош дорад, роҳҳои интиқоли ин пул ба мардуми Афғонистонро пайдо кунад, аммо Иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) ба он дастрасӣ нахоҳад дошт. "Иёлоти Муттаҳида бо суолҳои бунёдӣ рӯ ба рӯ аст, ки чӣ гуна метавон ин пулро мустақиман ба мардуми Афғонистон дастрас ва аз дастёбии толибон ба он ҷилавгирӣ кард",- гуфт Псаки.Бонки Ҷаҳонӣ: Аз сар гирифтани кумакҳои мустақим ба Афғонистон ғариимкон астИзҳороти Кохи Сафед дар ҳоле садо дод, ки қурби афғонӣ дар баробари доллар дар бозорҳои Афғонистон ба поинтарин сатҳ расидааст.Беқурбшавии афғонӣ ва болоравии қурби доллар боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар кишвар шудааст.
https://sputnik.tj/20211117/tolibon-kongress-amriko-noma-firistodand-1043599052.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033030772_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_97c1535fc04943c6316f64da37e6b653.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има барнома озод пулҳ афғонистон
има барнома озод пулҳ афғонистон
ИМА гуфт, барномае барои озод кардани пулҳои Афғонистон надорад
16:25 14.12.2021 (Навсозишуда: 20:44 14.12.2021) Иёлоти Муттаҳида нияти озод кардани пулҳои Афғонистонро надоранд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Кохи Сафед ахиран эълон кард, ки қасди озод кардани захираҳои пулии Афғонистонро надорад, ки дар бонкҳои хориҷӣ масдуд шудаанд.
Зиёда аз 10 миллиард доллар захоири арзии Бонки марказии Афғонистон аз замони суқути ҳукумати қаблӣ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида мунҷамид шудааст.
Аксари ин маблағҳо дар бонкҳои Иёлоти Муттаҳида масдуд шудаанд.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Амирхон Муттакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, миллиардҳо доллари Афғонистони мунҷамидшударо раҳо кунанд.
Оқои Муттакӣ таъкид кард, ки бесуботӣ ва заъиф шудани ҳукумати нави Афғонистон ба касе нафъе надорад.
Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед дар вокуниш ба изҳороти Муттакӣ гуфт, масъалаи раҳоии пулҳои Афғонистон печида аст ва сабабҳои масдуд кардани дастрасӣ ба он вуҷуд дорад.
Ҷен Псаки ахиран дар нишасти хабарие гуфт: "Сабабҳое вуҷуд доранд, ки ин захираҳо дастнорас боқӣ мемонанд."
Вай афзуд, яке аз сабабҳо даъвои бархе аз қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр аст.
"Даъвои додгоҳиро нодида гирифтан мумкин нест. Ин боис шудааст, ки дастрасӣ ба ин пулҳо ҳадди ақал то охири соли ҷорӣ ва эҳтимолан бештар аз он мутаваққиф шавад", - афзудааст манбаъ.
Псаки афзуд, Амрико талош дорад, роҳҳои интиқоли ин пул ба мардуми Афғонистонро пайдо кунад, аммо Иморати исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) ба он дастрасӣ нахоҳад дошт.
"Иёлоти Муттаҳида бо суолҳои бунёдӣ рӯ ба рӯ аст, ки чӣ гуна метавон ин пулро мустақиман ба мардуми Афғонистон дастрас ва аз дастёбии толибон ба он ҷилавгирӣ кард",- гуфт Псаки.
Изҳороти Кохи Сафед дар ҳоле садо дод, ки қурби афғонӣ дар баробари доллар дар бозорҳои Афғонистон ба поинтарин сатҳ расидааст.
Беқурбшавии афғонӣ ва болоравии қурби доллар боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар кишвар шудааст.