https://sputnik.tj/20210920/maorif-khujand-bastan-maktab-fayz-1042377766.html
Чаро фаъолияти мактаби “Файз” дар Хуҷанд қатъ шуд? - вокуниши шуъбаи маориф
Чаро фаъолияти мактаби “Файз” дар Хуҷанд қатъ шуд? - вокуниши шуъбаи маориф
Sputnik Тоҷикистон
Дар оғози соли нави хониш, фаъолияти мактаби хусусии “Файз” дар шаҳри Хуҷанд қатъ шуд. Ҳоло волидон фарзандони худро ин мактаб гирифта ба мактаби дигар мебаранд
2021-09-20T16:46+0500
2021-09-20T16:46+0500
2021-09-20T16:46+0500
дар тоҷикистон
маориф
хуҷанд
вокуниш
мактаб
волидон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102977/00/1029770042_0:0:2997:1685_1920x0_80_0_0_707304ea8b83f22a95dcf06a96ff8321.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 сен – Sputnik. Мактаби хусусии “Файз” аз соли 1997 ба ин тараф фаъолият мекунад. Ин мактаб дар қисме аз бинои кӯдакистони № 32 ташкил шуда ва ҳамасола ҳудуди 350 хонанда дар он таҳсил ва беш аз 30 омӯзгор дар он фаъолият мекард. Хабари дар оғози соли хониш қатъ шудани мактаби “Файз” дар шабакаҳои интернетӣ аз ҷумла фейсбук миёни сокининони Хуҷанд баҳсҳои гармеро ба вуҷуд овардааст. Баъзеҳо нигоштаанд, ки қатъ намудани фаъолияти ин мактаб боиси сарсонии хонандаҳову волидон шудааст. Дар ҳамин ҳол шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо нашри вокуниш гуфтааст, ки қатъ шудани мактаби “Файз” бар асоси муқаррароти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм сурат гирифтааст. “Ба таваҷҷӯҳи сокинон мерасонем, ки ба унвони сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва муассиси МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” мактуби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба бекор намудани иҷозатномаи муассисаи мазкур ворид гардидааст”, - омадааст дар вокуниши шуъбаи маориф. Шуъбаи маорифи Хуҷанд дар шарҳи баста шудани “Файз” гуфтааст, ки ин мактаб дар қисмате аз бинои кӯдакистони №32 фаъолият мекард ва талаботҳои меъёрии иҷозатномаи додашударо дағалона вайрон намудааст. Ба ин далел Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 14, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” амали иҷозатномаи фаъолияти муассиро бекор намудааст. Аммо масъулони “Файз” мегуянд, ин мактаб солҳо ба ин тараф бидуни мушкил фаъолият мекард, вале имсол Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм фаъолияти онҳоро қатъ кард. Дар пайи қатъ шудани мактаби “Файз” шуъбаи маориф ба омӯзгорон ва хонандагон пешниҳод намудааст, ки фаъолият ва таҳсили худро дар МТМУ № 22 идома диҳанд.
https://sputnik.tj/20210903/oghoz-sohtmoni-maktab-rusi-hujand-1042050142.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102977/00/1029770042_103:0:2770:2000_1920x0_80_0_0_55f5e5c0ed0a41f07360ff793c34f1b4.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактаб "файз" баста хуҷанд маориф волидон шикоят
мактаб "файз" баста хуҷанд маориф волидон шикоят
Чаро фаъолияти мактаби “Файз” дар Хуҷанд қатъ шуд? - вокуниши шуъбаи маориф
Дар оғози соли нави хониш, фаъолияти мактаби хусусии “Файз” дар шаҳри Хуҷанд қатъ шуд. Ҳоло волидон фарзандони худро ин мактаб гирифта ба мактаби дигар мебаранд
ДУШАНБЕ, 20 сен – Sputnik. Мактаби хусусии “Файз” аз соли 1997 ба ин тараф фаъолият мекунад. Ин мактаб дар қисме аз бинои кӯдакистони № 32 ташкил шуда ва ҳамасола ҳудуди 350 хонанда дар он таҳсил ва беш аз 30 омӯзгор дар он фаъолият мекард.
Хабари дар оғози соли хониш қатъ шудани мактаби “Файз” дар шабакаҳои интернетӣ аз ҷумла фейсбук миёни сокининони Хуҷанд баҳсҳои гармеро ба вуҷуд овардааст.
Баъзеҳо нигоштаанд, ки қатъ намудани фаъолияти ин мактаб боиси сарсонии хонандаҳову волидон шудааст.
“Ҳоло волидон фарзандони худро ба дигар мактаб интиқол медиҳанд. Дар он мактаб сару либос фарқ мекунад. Ин боз харҷу сарсонии дигар”, - навиштаанд корбарон.
Дар ҳамин ҳол шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо нашри вокуниш гуфтааст, ки қатъ шудани мактаби “Файз” бар асоси муқаррароти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм сурат гирифтааст.
“Ба таваҷҷӯҳи сокинон мерасонем, ки ба унвони сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва муассиси МТУҒ “Мактаби хусусии Файз” мактуби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба бекор намудани иҷозатномаи муассисаи мазкур ворид гардидааст”, - омадааст дар вокуниши шуъбаи маориф.
Шуъбаи маорифи Хуҷанд дар шарҳи баста шудани “Файз” гуфтааст, ки ин мактаб дар қисмате аз бинои кӯдакистони №32 фаъолият мекард ва талаботҳои меъёрии иҷозатномаи додашударо дағалона вайрон намудааст.
Ба ин далел Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаи 14, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” амали иҷозатномаи фаъолияти муассиро бекор намудааст.
Аммо масъулони “Файз” мегуянд, ин мактаб солҳо ба ин тараф бидуни мушкил фаъолият мекард, вале имсол Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм фаъолияти онҳоро қатъ кард.
Дар пайи қатъ шудани мактаби “Файз” шуъбаи маориф ба омӯзгорон ва хонандагон пешниҳод намудааст, ки фаъолият ва таҳсили худро дар МТМУ № 22 идома диҳанд.