Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Шарҳи бандмонии садҳо мусофирони ҳавопаймои чартерӣ дар Фурудгоҳи Хуҷанд

© SputnikБандмонии садҳо мусофирони ҳавопаймои чартерӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд
Бандмонии садҳо мусофирони ҳавопаймои чартерӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Обуна шудан
Бо сабаби сурат нагирифтани парвози ду ҳавопаймо садҳо мусофирон ду рӯз ба ин тараф шабро дар фурудгоҳи Хуҷанд рӯз мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Ин гурӯҳи мусофирон барои сафар ба шаҳри Иркутски Русия аз ширкатҳои ҳавонавардии “Икар” ва “Азур эйр” барои рӯзи 16 май чипта харидаанд, аммо парвози онҳо сурат нагирифтааст.
Як масъули Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби парвоз накардани ҳавопаймоҳо ба самти Иркутскро шарҳ дод.
“Пеш аз он, ки ҳавопаймо омада ба Иркутск равад, масъулони ширкатҳо бояд ҳуҷҷатҳои техникии ҳавопаймоҳоро ба унвонии Агентии авиатсияи граждании кишвар пешниҳод намуда, иҷозат мегирифтанд. Инҳо танҳо билет фурӯхта, то рӯзи парвоз иҷозатномаро ба даст оварда натавонистаанд. Чизи дигар ин аст, ки мардуми зиёд дар ин хатсайр билет харидаанд ва барои бурдани онҳо бояд ҳавопаймои бузургтар зарурат шудааст”, - гуфт манбаъ аз Фурудгоҳи Хуҷанд.
Пассажирский авиалайнер Airbus A320 авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Оғози парвози нав аз Хуҷанд рост ба Владивосток
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳавопаймои ширкати “Икар” соати 13: 30 ва ҳавопаймои “Азур эйр” бояд соати 21:30 рӯзи 16 май ба самти Хуҷанд-Иркутс парвози чартерӣ анҷом медод, ки парвози онҳо сурат нагирифтааст.
Зимнан садҳо сокинон, ки аз навоҳии дурдаст барои рафтан ба муҳоҷирати Русия омада буданд, бо сабаби чунин иттифоқот, ду рӯз бо шабро дар саҳни Фурудгоҳи Хуҷанд сипарӣ мекунанд. Яке аз ин мусофирон Одил Каримов сокини ноҳияи Ашт аст.
Ӯ дар суҳабт ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин ҳолро интизор надоштанд.
“Омадем, дар Фурудгоҳ гуфтанд, ки ҳоло ҳавопаймое, ки шумо бояд ба Иркутс парвоз кунед, наомадааст. Ду соат интизор шудем, чор соат интизор шудем, ҳоло беш аз ду рӯз аст, ки мунтазири парвоз ҳастем”, гуфт ӯ.
Масъулони Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд мегуянд, ки ба таъхир гузоштани парвози ҳавопаймо аз онҳо вобастагӣ надорад, балки ин коре, ки бояд миёни ширкати ҳавопаймоӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ матраҳ карда шавад.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ парвози ин гурӯҳи мусофирон то рӯзи 18 май ба таъхир гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0