https://sputnik.tj/20220116/mujohid-muqobili-nizom-istodagi-kunad-az-bayn-burda-meshavad-1044843527.html
Муҷоҳид: Ҳар касе, ки дар муқобили низом истодагӣ кунад, аз байн бурда мешавад
Муҷоҳид: Ҳар касе, ки дар муқобили низом истодагӣ кунад, аз байн бурда мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Толибон дар вокуниш ба нооромиҳои ахир дар вилояти Форёб, мегӯянд, ки агар касе дар муқобили низомашон истодагӣ кунанд ва ё ин ки бо душманашон ҳамдаст шаванд, аз байн бурда хоҳанд шуд
2022-01-16T09:45+0500
2022-01-16T09:45+0500
2022-01-17T14:05+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
забеҳуллоҳ муҷоҳид
низом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042341318_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bca989e3216e2396af8c50d1ab6648ec.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар вокуниш ба нооромиҳои ахир дар вилояти Форёб, густариши он ба вилоятҳои дигар ва изҳороти мақомҳои ҳукумати пешин дар ин мавзуъ ишора кардааст.Вай изҳор дошт, ки агар касе бихоҳад, аз вазъ истифода намояд ва бо душманашон ҳамдаст шавад ё бар зидди низом истодагӣ кунад, муҷоҳидин бар зидди ӯ вокуниши қотеъона нишон хоҳанд дод ва дар муддати кӯтоҳ аз байн бурда мешавад.Муҷоҳид мегӯяд, боздошт дар вилояти Форёб дар иртибот бо рабуда шудани кӯдаке бо номи Абдул Рауф, ки таҳти тафтиш қарор дорад, сурат гирифтааст ва эътирозҳоро ҷонибдорони боздоштшудагон анҷом додаанд.Дар ҳамин ҳол бошандагони Форёб рӯзи панҷшанбеи гузашта дар вокуниш ба боздошти Махдуми Олим, раиси собиқи Кумиссиюни низомии толибон дар Форёб ва яке аз фармондеҳони саршиноси ӯзбактабори онон даст ба тазоҳурот заданд. Гуфта мешавад, дар даргириҳои миёни муътаризон ва афроди толибон ду нафар кушта низ шудаанд.
https://sputnik.tj/20220114/jabha-masud-poyoni-safarhoyash-afghoniston-barmegardad-1044814267.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042341318_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_adb703d6cdace294eb3b9b48ebb40a1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, муҷоҳид, саркуб, низом, толибон, вокуниш
афғонистон, муҷоҳид, саркуб, низом, толибон, вокуниш
Муҷоҳид: Ҳар касе, ки дар муқобили низом истодагӣ кунад, аз байн бурда мешавад
09:45 16.01.2022 (Навсозишуда: 14:05 17.01.2022) Толибон дар вокуниш ба нооромиҳои ахир дар вилояти Форёб мегӯянд, агар касе дар муқобили низомашон истодагӣ кунад ва ё ин ки бо душманашон ҳамдаст шавад, аз байн бурда хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар вокуниш ба нооромиҳои ахир дар вилояти Форёб, густариши он ба вилоятҳои дигар ва изҳороти мақомҳои ҳукумати пешин дар ин мавзуъ ишора кардааст.
"Мо бар тамоми минтақаҳо назорати комил дорем, дар ҳич ҷо ба ноамнӣ роҳ намедиҳем, нерӯҳои мо дар ҳамаи вилоятҳо мунтазам ва қавӣ ҳастанд", - гуфт Муҷоҳид.
Вай изҳор дошт, ки агар касе бихоҳад, аз вазъ истифода намояд ва бо душманашон ҳамдаст шавад ё бар зидди низом истодагӣ кунад, муҷоҳидин бар зидди ӯ вокуниши қотеъона нишон хоҳанд дод ва дар муддати кӯтоҳ аз байн бурда мешавад.
Муҷоҳид мегӯяд, боздошт дар вилояти Форёб дар иртибот бо рабуда шудани кӯдаке бо номи Абдул Рауф, ки таҳти тафтиш қарор дорад, сурат гирифтааст ва эътирозҳоро ҷонибдорони боздоштшудагон анҷом додаанд.
Дар ҳамин ҳол бошандагони Форёб рӯзи панҷшанбеи гузашта дар вокуниш ба боздошти Махдуми Олим, раиси собиқи Кумиссиюни низомии толибон дар Форёб ва яке аз фармондеҳони саршиноси ӯзбактабори онон даст ба тазоҳурот заданд. Гуфта мешавад, дар даргириҳои миёни муътаризон ва афроди толибон ду нафар кушта низ шудаанд.