https://sputnik.tj/20220114/jabha-masud-poyoni-safarhoyash-afghoniston-barmegardad-1044814267.html
Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд пас аз поёни сафарҳояш ба Афғонистон бармегардад
Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд пас аз поёни сафарҳояш ба Афғонистон бармегардад
Sputnik Тоҷикистон
Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки Аҳмад Масъуд пас аз пайгирии сафарҳояш ба кишвар бармегардад
2022-01-14T15:40+0500
2022-01-14T15:40+0500
2022-01-14T19:09+0500
афғонистон
муқовимат
баргашт
масъуд аҳмад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_0:113:2048:1265_1920x0_80_0_0_9069c058451e9e5ae7cfb6adc7c6b436.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯ бо шабакаи “India Today” изҳор доштааст, бахши зиёде аз кӯҳҳои Ҳиндукуш таҳти назорати нерӯҳои муқовимат аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Sputnik Афғонистон” дар истинод ба “Афғонистон Интернешнл”.Назарӣ дар мавриди ин ки бозгашти Аҳмад Масъуд ба маънои даври ҷадиди муборизот мусаллаҳона ӯ аст ё на, тавзеҳеро ироа накардааст.Қаблан Муттакӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон ба Аҳмад Масъуд ва тарафдоронаш итминон дода буд, ки метавонанд ба Афғонистон баргарданд.Оқои Назарӣ ба "India Today" гуфтааст: "Мо пешниҳоди ӯро рад кардем. Онҳо соҳиби кишвар нестанд, то ба мо иҷоза диҳанд, ба Афғонистон баргардем".Вай афзуд: "Ҷабҳаи муқовимат бисёре аз бахшҳои Ҳиндукушро дар ихтиёр дорад ва фармондеҳ Масъуд ҳар замоне бихоҳад, метавонад ба кишвар баргардад. Ӯ пас аз анҷоми сафарҳояш ҳатман ба Афғонистон бармегардад".Ёдрас менамоем, ки дар Теҳрон ҳафтаи гузашта музокироти толибон бо намояндагони Ҷабҳаи муқовимат анҷом ёфт.Дар ин дидор толибон ба раҳбарони гурӯҳҳои муқовимат иттилоъ доданд, ки онҳо метавонанд дар амнияти комил ба хона баргарданд.
https://sputnik.tj/20220112/tolibon-afghoniston-jabha-masud-vatan-video-1044741931.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_106:0:1943:1378_1920x0_80_0_0_4af615a40b15c94a885a987d30bdb3f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҷабҳаи муқовимат, аҳмад масъуд, баргашт
афғонистон, ҷабҳаи муқовимат, аҳмад масъуд, баргашт
Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд пас аз поёни сафарҳояш ба Афғонистон бармегардад
15:40 14.01.2022 (Навсозишуда: 19:09 14.01.2022) Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки Аҳмад Масъуд пас аз пайгирии сафарҳояш ба кишвар бармегардад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯ бо шабакаи “India Today” изҳор доштааст, бахши зиёде аз кӯҳҳои Ҳиндукуш таҳти назорати нерӯҳои муқовимат аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Sputnik Афғонистон” дар истинод ба “Афғонистон Интернешнл”.
Назарӣ дар мавриди ин ки бозгашти Аҳмад Масъуд ба маънои даври ҷадиди муборизот мусаллаҳона ӯ аст ё на, тавзеҳеро ироа накардааст.
Қаблан Муттакӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон ба Аҳмад Масъуд ва тарафдоронаш итминон дода буд, ки метавонанд ба Афғонистон баргарданд.
Оқои Назарӣ ба "India Today" гуфтааст: "Мо пешниҳоди ӯро рад кардем. Онҳо соҳиби кишвар нестанд, то ба мо иҷоза диҳанд, ба Афғонистон баргардем".
Вай афзуд: "Ҷабҳаи муқовимат бисёре аз бахшҳои Ҳиндукушро дар ихтиёр дорад ва фармондеҳ Масъуд ҳар замоне бихоҳад, метавонад ба кишвар баргардад. Ӯ пас аз анҷоми сафарҳояш ҳатман ба Афғонистон бармегардад".
Ёдрас менамоем, ки дар Теҳрон ҳафтаи гузашта музокироти толибон бо намояндагони Ҷабҳаи муқовимат анҷом ёфт.
Дар ин дидор толибон ба раҳбарони гурӯҳҳои муқовимат иттилоъ доданд, ки онҳо метавонанд дар амнияти комил ба хона баргарданд.