https://sputnik.tj/20220115/tojikiston-qoida-vurud-khujro-somon-eyr-1044834142.html
Ташдиди назорати вуруд ба Тоҷикистон: "Сомон эйр" талаботеро нашр кард
Ташдиди назорати вуруд ба Тоҷикистон: "Сомон эйр" талаботеро нашр кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазъи душвори эпидемиологии минтақа ва суръати баланди паҳншавии штамми омикрон мунҷар ба роҳанзодии иқдомоти беҳдоштие дар Тоҷикистон шудааст 15.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-15T10:45+0500
2022-01-15T10:45+0500
2022-01-17T10:46+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
марз
назорат
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103093/89/1030938942_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_b16f98216eb799e1e05534eff6ef2c9a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон эйр" пешниҳоди натоиҷи ташхис аз COVID-19-ро ҳатмӣ хондааст.Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ширкат, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 ҳангоми қайди чиптаи мусофирон аз онҳо шаҳодатнома, ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии коронавирус дархост мешавад.Гуфта мешавад, дар шаҳодатнома бояд ному насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19, ҳамчунин рамзи QR барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд, қайд шуда бошанд.Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар менамоянд, доштани натиҷаи манфии ПСР-тест ҳатмӣ мебошад. Ба иттилои манбаъ, кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР маоф мебошанд.Назорат на танҳо дар фурудгоҳҳо, балки дар гузаргоҳҳои марзӣ бо ҳамсоякишварҳо низ ташдид шудааст.Маҷнун Орипов, сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло аз ҳар нафари воридшаванда аз Ӯзбекистон натоиҷи ПСР-тести коронавирус тақозо мешавад."Ҳоло дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Патари шаҳри Конибодом, Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, Саразми шаҳри Панҷакент, инчунин Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд навбатдории шабонарӯзии кормандони беҳдоштӣ ташкил шуда, ташхиси тиббии ҳар нафаре, ки ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад”, - афзуд ӯ.Орипов таъкид намуд, ки ба ҷуз аз ин ба ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда дастури қатъӣ дода мешавад, то барои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ ҳудуди 14 шабонарӯз дар шароити хона карантин шаванд.Ёдовар мешавем, навъи нави коронавируси омикрон ҳоло ба ҳамсокишварҳои Тоҷикистон - Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон роҳ ёфтааст.Ҳолатҳои сироятёбӣ дар ин кишварҳо ба ҳадди болои расида, назорат дар ин хусус низ сангинтар шудааст.
https://sputnik.tj/20211222/elon-panj-nishona-omikron-1044309202.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103093/89/1030938942_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_73a86f39a94221abd818150d0e8a8e5e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, марз, назорат, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, марз, назорат, коронавирус
Ташдиди назорати вуруд ба Тоҷикистон: "Сомон эйр" талаботеро нашр кард
10:45 15.01.2022 (Навсозишуда: 10:46 17.01.2022) Вазъи душвори эпидемиологии минтақа ва суръати баланди паҳншавии штамми омикрон мунҷар ба роҳанзодии иқдомоти беҳдоштие дар Тоҷикистон шудааст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон эйр" пешниҳоди натоиҷи ташхис аз COVID-19-ро ҳатмӣ хондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ширкат, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 ҳангоми қайди чиптаи мусофирон аз онҳо шаҳодатнома, ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии коронавирус дархост мешавад.
"Шаҳодатномаҳое, ки дар онҳо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 дарҷ нашудааст, қабул карда намешаванд",- таъкид кардааст ширкат.
Гуфта мешавад, дар шаҳодатнома бояд ному насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19, ҳамчунин рамзи QR барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд, қайд шуда бошанд.
Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар менамоянд, доштани натиҷаи манфии ПСР-тест ҳатмӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР маоф мебошанд.
Назорат на танҳо дар фурудгоҳҳо, балки дар гузаргоҳҳои марзӣ бо ҳамсоякишварҳо низ ташдид шудааст.
Маҷнун Орипов, сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло аз ҳар нафари воридшаванда аз Ӯзбекистон натоиҷи ПСР-тести коронавирус тақозо мешавад.
"Ҳоло дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Патари шаҳри Конибодом, Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, Саразми шаҳри Панҷакент, инчунин Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд навбатдории шабонарӯзии кормандони беҳдоштӣ ташкил шуда, ташхиси тиббии ҳар нафаре, ки ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад”, - афзуд ӯ.
Орипов таъкид намуд, ки ба ҷуз аз ин ба ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда дастури қатъӣ дода мешавад, то барои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ ҳудуди 14 шабонарӯз дар шароити хона карантин шаванд.
Ёдовар мешавем, навъи нави коронавируси омикрон ҳоло ба ҳамсокишварҳои Тоҷикистон - Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон роҳ ёфтааст.
Ҳолатҳои сироятёбӣ дар ин кишварҳо ба ҳадди болои расида, назорат дар ин хусус низ сангинтар шудааст.