https://sputnik.tj/20211222/elon-panj-nishona-omikron-1044309202.html
Эълони панҷ нишонаи асосии гирифторӣ ба омикрон
Эълони панҷ нишонаи асосии гирифторӣ ба омикрон
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисон нишонаҳои асоси навъи нави COVID-19-ро ном бурданд. Онро аз сармохӯрдагии одӣ фарқ кардан хеле мушкил аст
2021-12-22T09:00+0500
2021-12-22T09:00+0500
2021-12-22T09:00+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
ташхис
нишона
коронавирус
бемор
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102563/82/1025638244_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_b3b711aa6bd845d7e2a8fa12f43c8082.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Нишонаҳои асосии омикрон, навъи нави коронавирус, инҳо дарди сар, оби бинӣ, сулфа, дарди гулӯ ва хастагӣ мебошанд. Дар ин бора олимони бритониёӣ эълон доштанд. Ба гуфтаи онҳо, бисёри беморон, ки гирифтори омикрон шудаанд, аз кам шудани иштиҳо ва "туман дар мағзи сар" шикоят мекунанд.Мутахассисон нишонаи аввали навъи нави коронвирусро - дарди сар мегӯянд, ки ба гунаҳои гуногун, аз ҷумла тариқи набзӣ, фишорӣ ё халанда ҷараён мегирад. Ин дард ҳарду тарафи сарро фаро мегирад. Таъкид шудааст, ки дарди сар аз омикрон ба дору тобовар буда, метавонад се рӯз давом ёбад. Дуюмин нишонаи нисбатан густурдаи омикрон рафтани оби бинӣ мебошад. Онро шартан метавон яке аз нишонаҳои COVID-19 хонд, чун зимни гирифторӣ ба вирусҳои дигар низ ҷой дорад. Сулфа низ ҳамчунин. Муҳаққиқон мегӯянд, дарди гулӯ аз омикрон ба эҳсосот аз сармохӯрдагӣ ё ларингит монанд аст. Он на беш аз панҷ рӯз давом мекунад ва дар афроди синни 18 то 65 дучор мешавад. Сулфаи хушк фавран пайдо намешавад. Ба гуфтаи олимон, ин нишона баъди чанд рӯзи гирифторӣ пайдо мешавад. "Нишонаҳои омикрон аз ҳама зиёд ба навъи сабуки делта шабоҳат доранд, ки дар афроди ваксинагирифта мушоҳида мешаванд", - нақл кардаанд мутахассисон. Таъкид шудааст, ки навъи нави коронавирусро аз сармохӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст, бинобар ин тавсия дода шудааст, ки дар сурати ҷой доштани аломатҳо бояд ташхиси COVID-19-ро анҷом дод.
https://sputnik.tj/20211221/hushdor-rahmon-omikron-tojikiston-1044300620.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102563/82/1025638244_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_7f8bc20e1e56507af762ee63d14d5353.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беморӣ, гирифторӣ, коронавирус, гирифторӣ
беморӣ, гирифторӣ, коронавирус, гирифторӣ
Эълони панҷ нишонаи асосии гирифторӣ ба омикрон
Мутахассисон нишонаҳои асоси навъи нави COVID-19-ро ном бурданд. Онро аз сармохӯрдагии одӣ фарқ кардан хеле мушкил аст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Нишонаҳои асосии омикрон, навъи нави коронавирус, инҳо дарди сар, оби бинӣ, сулфа, дарди гулӯ ва хастагӣ мебошанд. Дар ин бора олимони бритониёӣ эълон доштанд.
Ба гуфтаи онҳо, бисёри беморон, ки гирифтори омикрон шудаанд, аз кам шудани иштиҳо ва "туман дар мағзи сар" шикоят мекунанд.
Мутахассисон нишонаи аввали навъи нави коронвирусро - дарди сар мегӯянд, ки ба гунаҳои гуногун, аз ҷумла тариқи набзӣ, фишорӣ ё халанда ҷараён мегирад. Ин дард ҳарду тарафи сарро фаро мегирад.
Таъкид шудааст, ки дарди сар аз омикрон ба дору тобовар буда, метавонад се рӯз давом ёбад.
Дуюмин нишонаи нисбатан густурдаи омикрон рафтани оби бинӣ мебошад. Онро шартан метавон яке аз нишонаҳои COVID-19 хонд, чун зимни гирифторӣ ба вирусҳои дигар низ ҷой дорад. Сулфа низ ҳамчунин.
Муҳаққиқон мегӯянд, дарди гулӯ аз омикрон ба эҳсосот аз сармохӯрдагӣ ё ларингит монанд аст. Он на беш аз панҷ рӯз давом мекунад ва дар афроди синни 18 то 65 дучор мешавад.
Сулфаи хушк фавран пайдо намешавад. Ба гуфтаи олимон, ин нишона баъди чанд рӯзи гирифторӣ пайдо мешавад.
"Нишонаҳои омикрон аз ҳама зиёд ба навъи сабуки делта шабоҳат доранд, ки дар афроди ваксинагирифта мушоҳида мешаванд", - нақл кардаанд мутахассисон.
Таъкид шудааст, ки навъи нави коронавирусро аз сармохӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст, бинобар ин тавсия дода шудааст, ки дар сурати ҷой доштани аломатҳо бояд ташхиси COVID-19-ро анҷом дод.