Қурби евро дар Тоҷикистон тайи се рӯзи мутаволӣ рӯ ба афзоиш аст

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 евро на фоне банкнот номиналом 10 и 20 евро.
Монеты номиналом 1 евро на фоне банкнот номиналом 10 и 20 евро.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Бонки миллии ҷумҳурӣ аз аввали ҳафтаи ҷорӣ қурби пули аврупоиро нисбат ба сомонӣ ҳар рӯз чанд зина боло мебарад
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон се рӯз боз қурби евро дар баробари пули миллӣ афзоиш меёбад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12,80 сомонӣ боло рафтааст.
Аввали ҳафта ин нишондиҳанда 12,78 ва баъдан 12,79 сомонӣ шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин барои евро нестанд. Тирамоҳи соли 2021 қурби асъори аврупоӣ умуман аз 13 сомонӣ гузашта буд.
Доллар аз аввали соли 2022 дар сатҳи 11,30 сомонӣ қарор гирифтааст.
Арзи русӣ пас аз поин рафтанҳои ахир дар ҳудуди 150 сомонӣ барои ҳазор рубл қарор гирифтааст.
Дар "ҷанг"-и доллару евро кадоме аз онҳо пирӯз мешавад?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8052 то 13.0300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1507 то 0.1535 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0