Дар "ҷанг"-и доллару евро кадоме аз онҳо пирӯз мешавад?

Обуна шудан
Соли 2022 доллар бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ хоҳад шуд, ки яке аз онҳо ҷанги асъорӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Миёни доллар ва евро дар соли 2022 метавонад "ҷанг" сар занад. Дар ин бора Юлия Финогенова, профессори кафедраи молияи Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов дар суҳбат бо хабаргузории "Прайм" хабар дод.
Вай қайд кард, ки асъорҳо дар сурати вуҷуди хатарҳои геополитикӣ "бархӯрд" хоҳанд кард. Танишҳои афзояндаи миёни Русия ва Амрико ва ҳамчунин ташдиди риторикаи таҳримҳо аз қабили масоиле ҳастанд, ки болои арзиши асъор таъсир мегузоранд.
Ба қавли ин коршинос, дар чунин ҳол дар Аврупо эҳтимол нархи газ дубора боло равад ва кишварҳо ба ҷуз аз пардохти арзиши сӯзишворӣ дигар чорае нахоҳанд дошт.

"Ин метавонад ба таҳкими арзиши доллар ва заъфи евро, ҳадди ақал дар семоҳаи аввали соли 2022 мунҷар шавад", - таъкид кард мутахассис.

Вай тавзеҳ дод, ки абзори аслии чунин ҷангҳо беқурбшавии пули миллӣ дар баробари пули хориҷӣ мебошад.
Илова бар ин дар суҳбат бо "Прайм" Финогенова дар бораи ояндаи рубл сухан гуфт.
Ба гуфтаи вай, то нимаи сол пули миллӣ метавонад то 5-7 дарсад беқурб шавад.
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Бо доллар дар соли 2022 чӣ мешавад: пешгӯии дақиқи иқтисоддонҳо
Қаблан коршиносон қурби долларро барои соли 2022 пешгӯӣ карда буданд. Ба гуфтаи аксари иқтисоддонҳо, пули амрикоӣ аз 70 то 76 рубл хоҳад расид. Дар навбати худ, арзиши евро 83-85 рубл арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳафтаи аввали кории соли 2022 коршиносон таҳкими хушбинонаи рублро пешгӯӣ мекунанд.
Таҳлилгар Марк Гойхман дар суҳбат бо "Российская газета" гуфт, таҳкими пули миллӣ ҷуброне пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон аст.
Вай қайд кард, ки доираи миёнаи нархгузорӣ дар рӯзҳои наздик 73-76 рубл барои як доллар ва 83-86 рубл барои як евроро ташкил хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0