Ҳушдори Ятимов ба Чин: Таҳдидҳои террористӣ амнияти минтақаро зери суол мегузоранд

© SputnikПредседатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото
Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз баргузории муваффақи бозиҳои олимпӣ дар Пекин ҷонибдорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Генерал Саймумин Ятимов қайд кардааст, “вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин”-ро эҳтимол зери суол баранд, ки ин шароит барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин хатарнок хоҳад буд, иттилоъ додааст маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон.
“Аз ҷониби дигар дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати Тоҷикистон дар Олимпиада ширкат мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақи бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад”, - гуфтааст Саймумин Ятимов.
КДАМ Тоҷикистон барои рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ба хотири таъмини амнияти варзишгарони тоҷик ва ҳайати Тоҷикистон, инчунин баргузории муваффақи бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Глава МИД Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Чин хостори пешгирӣ аз ҷанг дар Осиёи Марказӣ шуд
Ёдовар мешавем, Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин дар моҳи феврал баргузор мешаванд. Аз 4 то 20 феврали соли 2022 беҳтарин варзишгарони намудҳои зимистонаи варзиш барои дарёфти 109 медали тилои олимпӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамчунин дар шаҳри Чжантсзякоу ҷамъ меоянд.
Дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 109 мусобиқа дар 15 ришта ва дар 7 намуди варзиш: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкиронӣ, лижаронӣ, чанаронӣ ва ҳоккей ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0