https://sputnik.tj/20220111/chin-peshgiri-jang-osiyoi-markazi-1044701574.html
Чин хостори пешгирӣ аз ҷанг дар Осиёи Марказӣ шуд
Чин хостори пешгирӣ аз ҷанг дар Осиёи Марказӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазир гуфт, Маскав ва Пекин ҳамчунин бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ршди иқтисодашон кумак кунанд ва аз бесуботӣ дар ин давлатҳо ҷилавгирӣ намоянд
2022-01-11T10:34+0500
2022-01-11T10:34+0500
2022-01-11T12:17+0500
сиёсат
чин
осиёи марказӣ
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040776483_0:160:2886:1783_1920x0_80_0_0_9a25d08b61e6818a960e4c957e04283d.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Чину Русия набояд ба бесарусомонӣ ва ҷанг дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза диҳанд, изҳор дошт вазири умури хориҷии Чин Ван И дар суҳбати телефонӣ ба ҳамтои русаш Сергей Лавров.Вай афзуд, ки "Маскаву Пекин бояд ба амиқтар кардани ҳамоҳангию ҳамкориҳо идома диҳанд ва бо мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ба умури дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ муқовимат кунанд.Вазир қайд кард, ки Маскав ва Пекин ҳамчунин бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо пандемия, рушди иқтисодҳои онҳо ва барои аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоӣ, ки бесуботӣ меоранд, кӯмак кунанд.Манобеи РИА "Новости" хабар медиҳад, ки гуфтугӯи телефонии Сергей Лавров ва Ван И як рӯз пеш сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Русия, вазирон вазъи Қазоқистонро баррасӣ карда, нигаронии худро аз дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба ҳаводиси ин ҷумҳурӣ таъкид кардаанд. Ёдовар мешавем, субҳи панҷуми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раҳбарии Шӯрои амниятро ба зимма гирифт. Вай дар нахустин ҷаласаи ин шӯро вазъи феълии Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва гуфт, барои кумак ба СААД муроҷиат кардааст. Ҳоло вазъият дар ин кишвар муътадил аст ва нерӯҳои сулҳбон аз кишварҳои узви СААД дар Қазоқистон қарор доранду муҳимтарин сохтмонҳои стратегии ин кишварро посбонӣ мекунанд.Қазоқистон ҳимояи анборҳои нафташро ба нерӯҳои ҳофизи сулҳи Тоҷикистон вогузор намудааст.
https://sputnik.tj/20220110/nishast-saron-saad-avzo-qazoqiston-pakhshi-mustaqim-1044670972.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040776483_157:0:2886:2047_1920x0_80_0_0_f71456e7f02e1b2069e8e7fb74213e42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин осиёи марказӣ ҷанг
Чин хостори пешгирӣ аз ҷанг дар Осиёи Марказӣ шуд
10:34 11.01.2022 (Навсозишуда: 12:17 11.01.2022) Вазири умури хориҷии Чин гуфт, Маскав ва Пекин бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рушди иқтисодашон кумак ва аз бесуботӣ дар ин давлатҳо ҷилавгирӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Чину Русия набояд ба бесарусомонӣ ва ҷанг дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза диҳанд, изҳор дошт вазири умури хориҷии Чин Ван И дар суҳбати телефонӣ ба ҳамтои русаш Сергей Лавров.
"Чин ва Русия ҳамчун узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва дӯсти ҳамсояҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд гузоранд, ки минтақа даргири бесарусомонӣ ва ҷанг шавад", - таъкид кард Ванг И.
Вай афзуд, ки "Маскаву Пекин бояд ба амиқтар кардани ҳамоҳангию ҳамкориҳо идома диҳанд ва бо мудохилаи нерӯҳои хориҷӣ ба умури дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ муқовимат кунанд.
Вазир қайд кард, ки Маскав ва Пекин ҳамчунин бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо пандемия, рушди иқтисодҳои онҳо ва барои аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоӣ, ки бесуботӣ меоранд, кӯмак кунанд.
Манобеи РИА "Новости" хабар медиҳад, ки гуфтугӯи телефонии Сергей Лавров ва Ван И як рӯз пеш сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Русия, вазирон вазъи Қазоқистонро баррасӣ карда, нигаронии худро аз дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба ҳаводиси ин ҷумҳурӣ таъкид кардаанд.
Ёдовар мешавем, субҳи панҷуми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раҳбарии Шӯрои амниятро ба зимма гирифт. Вай дар нахустин ҷаласаи ин шӯро вазъи феълии Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва гуфт, барои кумак ба СААД муроҷиат кардааст. Ҳоло вазъият дар ин кишвар муътадил аст ва нерӯҳои сулҳбон аз кишварҳои узви СААД дар Қазоқистон қарор доранду муҳимтарин сохтмонҳои стратегии ин кишварро посбонӣ мекунанд.
Қазоқистон ҳимояи анборҳои нафташро ба нерӯҳои ҳофизи сулҳи Тоҷикистон вогузор намудааст.