https://sputnik.tj/20220111/ahmadzoda-gumonbar-sukhtor-pakhtai-dastgir-1044717893.html
Дастури Аҳмадзода: Гумонбарони сӯхтори пахтаи Мастчоҳро дастгир кунеду ба деҳқонон кумак
Дастури Аҳмадзода: Гумонбарони сӯхтори пахтаи Мастчоҳро дастгир кунеду ба деҳқонон кумак
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар ҷараёни баргузории ҷаласа ба масъулини идораҳои ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки қазияи оташсӯзии анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳро таҳқиқ кунанд
2022-01-11T15:55+0500
2022-01-11T15:55+0500
2022-01-11T19:04+0500
дар тоҷикистон
суғд
раҷаббой аҳмадзода
сӯхтор
деҳқон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038879696_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_266246396e86b06dd957fd74f1142d98.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Ҷаласаи ҳукумат дар бораи нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода бо ширкати Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир ва раисони шаҳру навоҳии вилоят баргузор шуд. Манобеи Sputnik Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа ширкат доштанд, гуфтанд, дар ҷараёни ин ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи сӯхтори анбори нигоҳдории пахта, ки мансуб ба ширкати “Музаффар ва компания” аст, изҳори нигаронӣ кард ва ба мақомоти тафтишотӣ дастур дод, то ҳодисаро таҳқиқ намоянд. Сӯхтори анбори пахтаи ширкати “Музаффар ва компания” дар ноҳияи Мастчоҳ шаби 24 ба 25 ноябри соли 2021 сар зад ва бар асари ин ҳодиса наздик ба 700 тонна нахи пахтаву чигит ба коми оташ рафт. Хисороти иқтисодии ин ҳодиса 46 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст. Бо кӯмаки кормандони идораи сӯхторнишонӣ ҳудуди 400 тонна пахта аз оташгирӣ наҷот дода шудааст. Мақомоти оташнишонӣ баъд аз омӯзиши сеҳафтаӣ эълом намуданд, ки ин оташсӯзӣ амдан, яъне барқасдона сурат гирифтааст. Дар шарҳи сабаби сӯхтори анбори ширкати “Музаффар ва компания” Неъматҷон Идизода, сардори Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. “Таҳқиқро мо пурра ба анҷом расонида, бар асоси моддаи 255 парванда боз шуда буд ва онро 11 декабр ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ супоридем. Гунаҳгорони қазияро мақомот мушаххас хоҳанд кард”, - гуфт Идизода. Афроде, ки бо ин модда муттаҳам мешаванд, қонунгузории кишвар ба онҳо аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо бо гузашти қариб ду моҳ ҳанӯз мақомот дар бораи боздошти гумонбарони ин ҳодиса расман чизе нагуфтаанд. Дар анбори “Музаффар ва компания” маҳсули заҳмати яксолаи ҳудуди 200 хоҷагии деҳқонии Мастчоҳ нигаҳдорӣ мешуд. Сӯхтори калонтарин анбори нигаҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки соли ҷорӣ дар ин ноҳия нақшаи пешбининамудаи пахта иҷро нагардид. Кишоварзони пахтакори ноҳияи Мастчоҳ соли ҷорӣ дар майдони беш аз 11 ҳазор гектор пунбадона кишта, интизор доштанд, ки 30 ҳазор тонна ҳосил ба даст меоранд, аммо мавсими ҷамъоварӣ ба охир расид ва ҳамагӣ 20 ҳазору 82 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки ин рақам бар асоси барнома, беш аз 9000 тонна кам арзёбӣ мешавад. Ба ҷуз аз Мастчоҳ чанд ноҳияи пунбапарвари дигари Суғд ҳам нақшаи ҷамъоварии ҳосилро ба иҷро расонида натавонистанд. Сӯхтори анбори пахтаи “Музаффар ва компания” дар ноҳияи Мастчоҳ ва тахтабозори “Баракат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду ҳодисаи пурсарусадо ва пурхисороти соли 2021 дар Суғд маҳсуб мешаванд, ки бино ба арзёбии мақомоти оташнишонӣ, ин ҳодисаҳо барқасдона сурат гирифтаанд. Раиси вилоят дар ҷаласаи дирӯза ба раисони шаҳру навоҳии пунбапарвари Суғд дастур додааст, ки ба деҳқонони зарардидаи матсчоҳӣ барои кишти пахта дар дастрас кардани чигити тухмӣ кӯмак намоянд.
https://sputnik.tj/20211213/maqomot-sukhtor-sharh-anbor-pakhta-1044110466.html
https://sputnik.tj/20211102/takhtabozor-barakat-qasdona-otash-1043232212.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038879696_131:0:1268:853_1920x0_80_0_0_e47b8bd98a0da3e97ea0259f67fcc7c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур аҳмадзода сӯхтори пахта мастчоҳ
дастур аҳмадзода сӯхтори пахта мастчоҳ
Дастури Аҳмадзода: Гумонбарони сӯхтори пахтаи Мастчоҳро дастгир кунеду ба деҳқонон кумак
15:55 11.01.2022 (Навсозишуда: 19:04 11.01.2022) Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар як ҷаласа ба масъулини идораҳои ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки қазияи оташсӯзии анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳро таҳқиқ кунанд
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Ҷаласаи ҳукумат дар бораи нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода бо ширкати Давлаталӣ Саид, муовини сарвазир ва раисони шаҳру навоҳии вилоят баргузор шуд.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа ширкат доштанд, гуфтанд, дар ҷараёни ин ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи сӯхтори анбори нигоҳдории пахта, ки мансуб ба ширкати “Музаффар ва компания” аст, изҳори нигаронӣ кард ва ба мақомоти тафтишотӣ дастур дод, то ҳодисаро таҳқиқ намоянд.
“Раиси вилояти Суғд аз масъулони мақомоти тафтишотӣ тақозо намуд, ки ҳодисаи оташсӯзии анбори пахта дар ноҳияи Мастчоҳро таҳқиқ ва гумонбарони онро дастгир кунанд”, - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Сӯхтори анбори пахтаи ширкати “Музаффар ва компания” дар ноҳияи Мастчоҳ шаби 24 ба 25 ноябри соли 2021 сар зад ва бар асари ин ҳодиса наздик ба 700 тонна нахи пахтаву чигит ба коми оташ рафт.
Хисороти иқтисодии ин ҳодиса 46 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст. Бо кӯмаки кормандони идораи сӯхторнишонӣ ҳудуди 400 тонна пахта аз оташгирӣ наҷот дода шудааст. Мақомоти оташнишонӣ баъд аз омӯзиши сеҳафтаӣ эълом намуданд, ки ин оташсӯзӣ амдан, яъне барқасдона сурат гирифтааст.
Дар шарҳи сабаби сӯхтори анбори ширкати “Музаффар ва компания” Неъматҷон Идизода, сардори Хадамоти оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
“Таҳқиқро мо пурра ба анҷом расонида, бар асоси моддаи 255 парванда боз шуда буд ва онро 11 декабр ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ супоридем. Гунаҳгорони қазияро мақомот мушаххас хоҳанд кард”, - гуфт Идизода.
Афроде, ки бо ин модда муттаҳам мешаванд, қонунгузории кишвар ба онҳо аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо бо гузашти қариб ду моҳ ҳанӯз мақомот дар бораи боздошти гумонбарони ин ҳодиса расман чизе нагуфтаанд.
Дар анбори “Музаффар ва компания” маҳсули заҳмати яксолаи ҳудуди 200 хоҷагии деҳқонии Мастчоҳ нигаҳдорӣ мешуд. Сӯхтори калонтарин анбори нигаҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки соли ҷорӣ дар ин ноҳия нақшаи пешбининамудаи пахта иҷро нагардид.
Кишоварзони пахтакори ноҳияи Мастчоҳ соли ҷорӣ дар майдони беш аз 11 ҳазор гектор пунбадона кишта, интизор доштанд, ки 30 ҳазор тонна ҳосил ба даст меоранд, аммо мавсими ҷамъоварӣ ба охир расид ва ҳамагӣ 20 ҳазору 82 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки ин рақам бар асоси барнома, беш аз 9000 тонна кам арзёбӣ мешавад.
Ба ҷуз аз Мастчоҳ чанд ноҳияи пунбапарвари дигари Суғд ҳам нақшаи ҷамъоварии ҳосилро ба иҷро расонида натавонистанд.
Сӯхтори анбори пахтаи “Музаффар ва компания” дар ноҳияи Мастчоҳ ва тахтабозори “Баракат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду ҳодисаи пурсарусадо ва пурхисороти соли 2021 дар Суғд маҳсуб мешаванд, ки бино ба арзёбии мақомоти оташнишонӣ, ин ҳодисаҳо барқасдона сурат гирифтаанд.
Раиси вилоят дар ҷаласаи дирӯза ба раисони шаҳру навоҳии пунбапарвари Суғд дастур додааст, ки ба деҳқонони зарардидаи матсчоҳӣ барои кишти пахта дар дастрас кардани чигити тухмӣ кӯмак намоянд.