“Барқ хомӯш шуда буд”: тахтабозори “Баракат”-ро барқасд оташ задаанд

© Sputnik Последствия пожара на рынке стройматериалов "Баракат"
Последствия пожара на рынке стройматериалов Баракат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2021
Обуна шудан
Комиссияи тафтишотие, ки ҳодисаи оташсӯзӣ дар бозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таҳқиқ мекунад, омили эҳтимолии сар задани сӯхторро маълум намуд
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Манобеъ аз Раёсати хадамоти оташнишонии ВКД дар вилояти Суғд гуфтанд, пас аз даҳ рӯз аз вуқуи оташсӯзӣ комиссияи ҳақиқатёб хулосаи худро ироа кард.
Як мақомдори идораи сӯхторнишонии Суғд бидуни зикри номаш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар хулосаи ҳайати комиссия ҳодисаи сӯхтори шоми 21-уми октябр дар бозори “Баракат” эҳтимол кори қасдан анҷомшуда арзёбӣ шуда бошад.
“Сӯхтор соати 20-и 21-уми октябр рух додааст, он рӯз интиқоли барқ ба бозори “Баракат” аз соати 18:00 қатъ шуда буд. Кормандони бозор соати 17 корро ҷамбаст карда, берун мешаванд. Фарзияе, ки сӯхтор аз ҳисоби расиши кӯтоҳи барқ ва ё аз оташи сигор ба вуқуъ омадаастро санҷидаанд, ки ба ҳолати кор мантиқан мувофиқат намекунад. Ба ин тартиб комиссияи ҳақиқатёб оташсӯзӣ дар бозорро ба эҳтимоли зиёд амали қасдан анҷомшуда медонад”, - гуфт манбаъ.
Последствие пожара в ГБАО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Шарҳи расмии сӯхтори бозори "Баракат" дар Суғд: Наҷоти 100 миллион сомонии тоҷирон
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳайати комиссия хисорати оташсӯзӣ дар тахтабозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро наздик ба 760 ҳазор сомонӣ ҳисоб намуда, ин ва маълумоти дигарро ба ҳукумат ва идораҳои дахлдор ироа намудааст.
Шоми 21-уми октябр, тахминан соати 20:00 дар бозори фурӯши масолеҳи сохтмонии “Баракат”-и ҶДММ "Агро Фуд" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сӯхтор сар зад ва даҳҳо метри мукааб чӯбу тахта ва дигар намуди масолеҳи сохтмониро ба коми худ кашид.
Сӯхтор ба ҳадде мудҳиш буд, ки манзараи ба осмон печидани алангаи оташу дуди ғализро ҳатто шуморе аз сокинон аз масофаҳои дур ҳам мушоҳида карданд.
Рӯзи 22-юми октябр ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ дод, ки ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро фаро гирифта буд. Ин ниҳод инчунин афзуд, қисмате аз моли соҳибкорон, ки беш аз 100 миллион сомонӣ арзиш дошт, аз сӯхтор наҷот дода шуд.
Последствия пожара на рынке стройматериалов Баракат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Паёмади сӯхтори тахтабозори "Баракат" дар Суғд - акс
Бино ба иттилои дарёфтӣ, бар асари сӯхтор ҳудуди 12 нуқтаи нигоҳдорӣ (анбор) ва фурӯши чӯбу тахтаи сохтмонӣ сӯхта нобуд шудааст.
Бозори “Баракат”, маъруф ба тахтабозор аз калонтарин макони фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад, ки соли 2011 дар канори шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом, дар гардиши шаҳри Гулистон сохта шуд.
Лентаи хабарҳо
0