https://sputnik.tj/20211213/maqomot-sukhtor-sharh-anbor-pakhta-1044110466.html
Парвандаи сӯхтори анбори пахта дар Мастчоҳ ба мақомот рафт: аз шарҳи сабаб то зарар
Парвандаи сӯхтори анбори пахта дар Мастчоҳ ба мақомот рафт: аз шарҳи сабаб то зарар
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти ду ҳафта аз вуқуъи ҳодиса мақомоти сухторнишонӣ сабабҳои оташсӯзи дар анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳро расман шарҳ доданд
2021-12-13T12:36+0500
2021-12-13T12:36+0500
2022-01-11T16:49+0500
дар тоҷикистон
таҳқиқ
парванда
мастчоҳ
сӯхтор
анбор
пахта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043752635_0:239:1280:959_1920x0_80_0_0_4e42b946dfaa94a8aa1670eef2dbb613.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек - Sputnik. Неъматҷон Идизода, сардори идораи сухторнишонии ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахтаеро, ки мансуб ба ширкати "Музаффар ва компания" аст, шарҳ дод. Ӯ гуфт, баъди омӯзиш ва таҳқиқи комили фарзияҳо муайян шудааст, ки ин корхонаи пахта амдан оташ зада шудааст.Афроде, ки бо ин модда муттаҳам мешаванд, қонунгузории кишвар ба онҳо аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.Ба иттилои Идизода, зарари сӯхтор 46 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст, ки аз он 42 миллион пахта ва 4 миллион сомонии дигар молу амвол будааст.Қаблан гуфта мешуд, дар пайи ин оташсӯзӣ ҳудуди 700 тонна пахтаи тайёр ба коми оташ рафта, сӯхторнишонҳо тавонистаанд, ки беш аз 400 тоннаи дигарро аз коми оташ наҷод диҳанд.Ёдовар мешавем, сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки мутааллиқ ба ширкати “Музаффар компания” гуфта мешавад, соати 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр сар зад.Хокистари сиёҳи тиллои сафед: тасовире пас аз сӯхтори корхонаи пахта дар СуғдБарои хомӯш намудани он ба ҳисоби мошинҳои обпоши ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 14 мошини дигари сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол фиристода шуд ва баъди қариб 10-12 соат ин сӯхтор хомӯш карда шуд.Амали амдӣ хулоса шудани оташсӯзии анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки дар рӯзи 21-уми октябр ба коми оташ рафтани тахтабозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳам мақомот кори қасдан анҷомшуда эълон карда буданд.Паёмади сӯхтори тахтабозори "Баракат" дар Суғд - аксДар пайи ин ҳодиса низ соҳибкорон зиёни бузурги молӣ диданд. Аммо то кунун мақомот дар бораи боз кардани парванда алайҳи омилони ин ҳодиса расман чизе нагуфтаанд.
https://sputnik.tj/20211207/sukhta-namakob-berahmi-sol-pakhtakoron-mastchoh-1043998816.html
мастчоҳ
анбор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/19/1043752635_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_a5b592b9501e53c18fceab8512fba663.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парванда сӯхтор анбор пахта мастчоҳ сабаб зарар
парванда сӯхтор анбор пахта мастчоҳ сабаб зарар
Парвандаи сӯхтори анбори пахта дар Мастчоҳ ба мақомот рафт: аз шарҳи сабаб то зарар
12:36 13.12.2021 (Навсозишуда: 16:49 11.01.2022) Пас аз ду ҳафта аз вуқуи ҳодиса мақомоти сухторнишонӣ сабабҳои оташсӯзӣ дар анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳро расман шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 13 дек - Sputnik. Неъматҷон Идизода, сардори идораи сухторнишонии ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахтаеро, ки мансуб ба ширкати "Музаффар ва компания" аст, шарҳ дод.
Ӯ гуфт, баъди омӯзиш ва таҳқиқи комили фарзияҳо муайян шудааст, ки ин корхонаи пахта амдан оташ зада шудааст.
"Таҳқиқро мо пурра ба анҷом расонида, бар асоси моддаи 255 парванда боз шуда буд ва онро 11 декабр ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ супоридем. Гунаҳгорони қазияро мақомот мушаххас хоҳанд кард", - гуфт Идизода.
Афроде, ки бо ин модда муттаҳам мешаванд, қонунгузории кишвар ба онҳо аз 21 то 54 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои Идизода, зарари сӯхтор 46 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст, ки аз он 42 миллион пахта ва 4 миллион сомонии дигар молу амвол будааст.
Қаблан гуфта мешуд, дар пайи ин оташсӯзӣ ҳудуди 700 тонна пахтаи тайёр ба коми оташ рафта, сӯхторнишонҳо тавонистаанд, ки беш аз 400 тоннаи дигарро аз коми оташ наҷод диҳанд.
Ёдовар мешавем, сӯхтор дар анбори нигоҳдории пахта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки мутааллиқ ба ширкати “Музаффар компания” гуфта мешавад, соати 03:00-и шаби 24 ба 25-уми ноябр сар зад.
Барои хомӯш намудани он ба ҳисоби мошинҳои обпоши ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди 14 мошини дигари сӯхторнишонӣ аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол фиристода шуд ва баъди қариб 10-12 соат ин сӯхтор хомӯш карда шуд.
Амали амдӣ хулоса шудани оташсӯзии анбори пахтаи ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки дар рӯзи 21-уми октябр ба коми оташ рафтани тахтабозори “Баракат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ҳам мақомот кори қасдан анҷомшуда эълон карда буданд.
Дар пайи ин ҳодиса низ соҳибкорон зиёни бузурги молӣ диданд. Аммо то кунун мақомот дар бораи боз кардани парванда алайҳи омилони ин ҳодиса расман чизе нагуфтаанд.