Боздошти ронандаи фирории муттаҳам ба марги роҳгузар

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ронандаи дигари фирорӣ хабар дод, ки дар марги роҳгузар айбдор мешавад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳувияти ронандае, ки дар ҷамоати Моғиёни шаҳри Панҷакент роҳгузарро зер намуда, фирор кард, муайян шуд.
Ба иттилои ВУД, ҳодиса тахминан соати 20:05 дақиқаи 8 январ рух додааст. Манбаъ афзуд, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, марди пиёдагард, сокини 55-солаи шаҳри Панҷакентро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Ҷабрдида дар пайи ҷароҳат бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Скорая помощь в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Баралгин хӯрду аз ҳуш рафт: тафсилоти садамаи автобус дар "Корвон" - видео
Маъмурини милиса дар пайи таҳқиқи ҳодиса муайян кардаанд, ки нафари муттаҳам ронандаи худрави тамғаи "Муссо", сокини 21-солаи Панҷакент мебошад. Феълан гумонбар дар боздошт буда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад, афзуд ВУД.
Ин нахустин ҳолати фирори ронанда аз ҷои садама дар соли равон нест. Ахиран мақомоти умури дохилӣ хабар дода буданд, ки дар субҳи таҷлил аз Соли Нав ронандаи "Тойота Каролла", сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, пиёдагарди 74-соларо зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор карда буд.
Манбаъ афзуд, ки пирамарди ҷабрдидаро роҳгузарон ба беморхона интиқол доданду ронандаи фирорӣ боздошт гардид.
Лентаи хабарҳо
0