Баралгин хӯрду аз ҳуш рафт: тафсилоти садамаи автобус дар "Корвон" - видео

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевСкорая помощь в Душанбе
Скорая помощь в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Обуна шудан
ВУД Тоҷикистон тафсилоти садамаи мудҳиш дар роҳи назди бозори "Корвон"-ро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ҷузъиёти садамаи автобус дар роҳи бозори "Корвон" дақиқ шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як хабар тавзеҳ дод, ки чаро ронандаи автобус аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромад ва ба теъдоди зиёди мошинҳо бархӯрд.
Ин манбаъ мегӯяд, ронандаи автобус, сокини 31-солаи ноҳияи Варзоб буда, дар хатсайри рақами №18 -и шаҳри Душанбе ба мусофирбарӣ машғул будааст.
Гуфта мешавад, номбурда қабл аз ба роҳ баромадан, доруи баралгинро зиёд истеъмол намудааст ва аснои ворид шудан ба сероҳаи бозори "Корвон" аз таъсири ин дору беҳуш шуда, ба самти муқобили роҳ баромадааст.
Зимнан, автобус ба мошинҳои роҳ буда бархӯрдааст. Аз ҷумла автобус бо мошинҳои “Хундаи Солярис”, “Опел-Вектра”, “Тойота-Прадо” ва “Опел-Астра” бархӯрдааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Шарҳи ВУД Тоҷикистон аз ҳалокати се узви як хонавода дар як садамаи нақлиётӣ
Ба таъкиди ВУД, мусофири 27-солаи автомашинаи ахирӣ, ки дар қисмати пеш нишаста буд ва мехост аз мошин барояд, аммо аз сабаби бархӯрд бо автобус ӯ аснои фаромадан зери чарх монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Аммо пас аз зер кардани ҷавонзан автобус ҳамоно дар ҳоли ҳаракат буд ва танҳо баъди бархӯрдан ба мошини панҷум аз ҳаракат монд.
Видеои ин садама зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва аз он пайдост, ки роҳгузарон саъй намуданд, то автобуси дар ҳоли ҳаракату бархӯрд ба мошинҳои дигарро боздоранд.
ВУД мегӯяд, дар ин ҳодиса ба ҷуз аз марги ин ҷавонзани 27-сола дигар касе ҷароҳат набардоштааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0