https://sputnik.tj/20220108/nigaronii-maqomoti-khujand-omikron-moyakubi-shudani-aholi-1044656523.html
Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз омикрон ва кам моякӯбӣ шудани аҳолӣ
Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз омикрон ва кам моякӯбӣ шудани аҳолӣ
Sputnik Тоҷикистон
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр хабар додааст, ки то ҳол дар шаҳри Хуҷанд беш аз 66 фисади сокинон бар зидди коронавирус моякӯбӣ шуданд, ки ин нишондод кам аст
2022-01-08T18:40+0500
2022-01-08T18:40+0500
2022-01-10T16:07+0500
дар тоҷикистон
нигаронӣ
хуҷанд
ваксина
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928822_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_55be33e3eb5fba5a3067e3b0de30d488.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Бинобар иттилои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, дар вақти якбора иваз шудани обуҳаво масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад.Манбаъ таъкид кардааст, ки дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида мешаванд.Ҳамзамон манбаъ хоҳиш кардааст, ки сокинон реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳоро иҷро намоянд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя, фосиларо нигоҳ доранд.“Доимо ниқоб пӯшед, зеро бар асари паҳншавии пандемия то ҳол реҷаи ниқоб манъ нашудааст. Ягон нафареро, ки дар кӯча бениқоб бинем, аз ӯ канорагирӣ намоем. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ эҳтиёткор бошем. Ба ин васила мо худамонро ҳимоя мекунем, фарзандонамонро аз беморшавӣ наҷот медиҳем, набояд дидаву дониста, худро ба варта андозем”, - илова кардааст манбаъ.Ҳамзамон мақомоти Хуҷанд хабар додаанд, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд маъракаи густурдаи эмгузаронӣ идома дорад.Новобаста аз ин то ҳол дар ин шаҳр беш аз 66 фисади сокинон ваксинатсия шудаанд, ки ин нишондод кам аст.Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки хуруҷи мавҷҳои навбатии бемории короновирус, бахусус навъи омикрон хушдор медиҳад, ки ин бемориро саҳл надонем. Зеро суръати сироятёбии ин навъи короновирус нисбати дигарҳо ҳафт баробар зиёд аст.Манбаъ омили асосии гирифторшавиро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кӯча баромадан, масофаро риоя накардан ва дурӣ ҷустан аз вакиснагирӣ медонад.“Мо бояд бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва масофагирӣ бештар аҳамият зоҳир намоем, дар ҳавои тоза сайру намоем, хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро истеъмол кунем. Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд”, - гуфт Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд.Ҳамзамон гуфта мешавад, давраи ниҳоии ин гуна бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарӯз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои илтиҳоби шуш ва илтиҳоби пардаи гӯш низ оварда мерасонад.
https://sputnik.tj/20211223/aholi-tojikiston-covid-19-moyakubi-1044340960.html
https://sputnik.tj/20220103/omikron-shush-zarba-1044584254.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/02/1032928822_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_689fd7289654e781cc2b2621d7dda6ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, мақомот, омикрон, нигаронӣ, коронавирус, сокинон, моякӯбӣ
тоҷикистон, хуҷанд, мақомот, омикрон, нигаронӣ, коронавирус, сокинон, моякӯбӣ
Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз омикрон ва кам моякӯбӣ шудани аҳолӣ
18:40 08.01.2022 (Навсозишуда: 16:07 10.01.2022) Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ин шаҳр хабар додааст, то ҳол дар шаҳри Хуҷанд беш аз 66 фисади сокинон бар зидди коронавирус моякӯбӣ шуданд, ки ин нишондод кам аст
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Бинобар иттилои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, дар вақти якбора иваз шудани обуҳаво масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида мешаванд.
“Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар риояи нагардидани гигиенаи шахсӣ аз сӯй аҳолӣ мебошад”, - қайд кардаааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ хоҳиш кардааст, ки сокинон реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳоро иҷро намоянд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя, фосиларо нигоҳ доранд.
“Доимо ниқоб пӯшед, зеро бар асари паҳншавии пандемия то ҳол реҷаи ниқоб манъ нашудааст. Ягон нафареро, ки дар кӯча бениқоб бинем, аз ӯ канорагирӣ намоем. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ эҳтиёткор бошем. Ба ин васила мо худамонро ҳимоя мекунем, фарзандонамонро аз беморшавӣ наҷот медиҳем, набояд дидаву дониста, худро ба варта андозем”, - илова кардааст манбаъ.
Ҳамзамон мақомоти Хуҷанд хабар додаанд, ки ҳоло дар шаҳри Хуҷанд маъракаи густурдаи эмгузаронӣ идома дорад.
Новобаста аз ин то ҳол дар ин шаҳр беш аз 66 фисади сокинон ваксинатсия шудаанд, ки ин нишондод кам аст.
Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки хуруҷи мавҷҳои навбатии бемории короновирус, бахусус навъи омикрон хушдор медиҳад, ки ин бемориро саҳл надонем. Зеро суръати сироятёбии ин навъи короновирус нисбати дигарҳо ҳафт баробар зиёд аст.
“Ҳамарӯза дар Русия ҳазорҳо нафар бар асари бемории мазкур мефавтад ва Аврупо дар як шабонарўз садҳо ҳазор нафар сироят ёфта истодааст”, - иттилоъ додааст Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд.
Манбаъ омили асосии гирифторшавиро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кӯча баромадан, масофаро риоя накардан ва дурӣ ҷустан аз вакиснагирӣ медонад.
“Мо бояд бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва масофагирӣ бештар аҳамият зоҳир намоем, дар ҳавои тоза сайру намоем, хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро истеъмол кунем. Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд”, - гуфт Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, давраи ниҳоии ин гуна бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарӯз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои илтиҳоби шуш ва илтиҳоби пардаи гӯш низ оварда мерасонад.