https://sputnik.tj/20220103/omikron-shush-zarba-1044584254.html
Олимон гуфтанд, омикрон чӣ гуна ба шушҳо зарба мезанад
Олимон гуфтанд, омикрон чӣ гуна ба шушҳо зарба мезанад
Sputnik Тоҷикистон
Суръати баланди паҳншавии коронавирус нигарониҳои ҷиддии кормандони соҳаи тандурустӣ ва шаҳрвандони оддиро ба вуҷуд меорад
2022-01-03T10:01+0500
2022-01-03T10:01+0500
2022-01-03T10:01+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032254810_0:176:3043:1887_1920x0_80_0_0_9e1f66d9c74a299f1f36ba17c607cab2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Олимони се донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон зарари омикронро ба шуш арзёбӣ намуда, онро бо дигар штаммҳои COVID-19 муқоиса карданд. Тадқиқот аз ҷониби коршиносони Мактаби тиббии Донишгоҳи Вашингтон, Донишгоҳи Висконсин-Мэдисон ва Донишгоҳи Токио дар маҷаллаи илмии Research Square нашр шудааст. Мувофиқи маълумоти пешакии кори илмӣ, штамми омикрон ҷараёни бемориро наонқадар вазнин мекунад. Натиҷаи ин хулоса аз силсилаи таҷрибаҳо, ки дар мушҳо гузаронида шудааст, бармеояд. Дар аксари мавридҳо, хояндаҳои мубталои омикрон аломатҳои сабуктар доштаанд ва вазнашонро наонқадар зиёд партофтаанд.Чунин изҳоротро қаблан олимони Институти иммунологияи терапевтӣ ва бемориҳои сироятии Кембриҷ низ изҳор карда буданд. Коршиносон омикронро бо делта ва бо коронавируси "ваҳшӣ" муқоиса карданд. Ҳамчунин, намояндагони Институти миллии бемориҳои сироятии Африқои Ҷанубӣ ва ҳамкорони онҳо аз Донишгоҳи Претория хабар доданд, ки мизони марг аз варианти нави вирус нисбат ба пешгузаштаи он 75% камтар аст. Олимон изҳори умедворӣ карданд, ки пайдоиши омикрон сатҳи бемориҳо ва маргро ҷудо карда, ба пандемия хотима мебахшад. Ёдовар мешавем, ки штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф шуда буд. Он аз дигар штаммҳо бо шумори зиёди мутатсияҳо, ки ба паҳншавии вирус суръат мебахшанд, фарқ мекунад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаммро "изтиробовар" хонд ва онро бо номи ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ омикрон унвон кард. Дар Русия феълан 103 мавриди сироят бо омикрон расман сабт шудааст. Ин навъи коронавирусро аслан сайёҳоне, ки аз кишварҳои қитъаи Африқо омадаанд ворид кардаанд.
https://sputnik.tj/20211229/tabib-afghoniston-omikron-giyoh-muassir-tahiya-kard-1044494330.html
https://sputnik.tj/20220101/olim-unon-marg-koronavirus-elon-1044567575.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032254810_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_678a50ab406b505d8e5175fa50999672.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омикрон, зарар, шушҳо, тандурустӣ, коронавирус
омикрон, зарар, шушҳо, тандурустӣ, коронавирус
Олимон гуфтанд, омикрон чӣ гуна ба шушҳо зарба мезанад
Суръати баланди паҳншавии коронавирус нигарониҳои ҷиддии кормандони соҳаи тандурустӣ ва шаҳрвандони оддиро ба вуҷуд меорад
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Олимони се донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон зарари омикронро ба шуш арзёбӣ намуда, онро бо дигар штаммҳои COVID-19 муқоиса карданд.
Тадқиқот аз ҷониби коршиносони Мактаби тиббии Донишгоҳи Вашингтон, Донишгоҳи Висконсин-Мэдисон ва Донишгоҳи Токио дар маҷаллаи илмии Research Square нашр шудааст.
Мувофиқи маълумоти пешакии кори илмӣ, штамми омикрон ҷараёни бемориро наонқадар вазнин мекунад.
Натиҷаи ин хулоса аз силсилаи таҷрибаҳо, ки дар мушҳо гузаронида шудааст, бармеояд. Дар аксари мавридҳо, хояндаҳои мубталои омикрон аломатҳои сабуктар доштаанд ва вазнашонро наонқадар зиёд партофтаанд.
Чунин изҳоротро қаблан олимони Институти иммунологияи терапевтӣ ва бемориҳои сироятии Кембриҷ низ изҳор карда буданд. Коршиносон омикронро бо делта ва бо коронавируси "ваҳшӣ" муқоиса карданд.
Ҳамчунин, намояндагони Институти миллии бемориҳои сироятии Африқои Ҷанубӣ ва ҳамкорони онҳо аз Донишгоҳи Претория хабар доданд, ки мизони марг аз варианти нави вирус нисбат ба пешгузаштаи он 75% камтар аст.
Олимон изҳори умедворӣ карданд, ки пайдоиши омикрон сатҳи бемориҳо ва маргро ҷудо карда, ба пандемия хотима мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф шуда буд. Он аз дигар штаммҳо бо шумори зиёди мутатсияҳо, ки ба паҳншавии вирус суръат мебахшанд, фарқ мекунад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаммро "изтиробовар" хонд ва онро бо номи ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ омикрон унвон кард.
Дар Русия феълан 103 мавриди сироят бо омикрон расман сабт шудааст. Ин навъи коронавирусро аслан сайёҳоне, ки аз кишварҳои қитъаи Африқо омадаанд ворид кардаанд.