Дар Тоҷикистон мизони моякӯбӣ алайҳи COVID-19 афзоиш меёбад: ваксинаи сеюмро мезананд?

© Министерство связи и информации Венесуэлы / Гузариш ба медиабонкВакцинация от российской вакцины "Спутник V"
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иммунитети умум суръати моякӯбии аҳолиро зидди коронавирус афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон тақрибан 62 дарсади аҳолии калонсоли кишвар алайҳи коронавирус моякӯбӣ шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз оғози маъракаи эмгузаронӣ то кунун ҳудуди 3 миллиону 650 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон вояи зидди COVID-19-ро гирифтаанд.
Ҳамзамон дар ин муддат 2 миллиону 890 ҳазор нафар ё 49,1 фоизи аҳолии калонсоли кишвар вояи дуюми ваксинаро низ гирифтааст
Қаблан намояндагони вазорат гуфта буданд, ки дар кишвар ҳамзамон масъалаи тазриқи ваксинаи сеюм низ дар ҳоли баррасӣ аст.
Аммо он танҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тазриқ мешавад, ки танҳо пас аз моякӯбӣ шудани бештар аз 60 фисади аҳолӣ ин шароит фароҳам мегардад, афзуда буд намояндаи ин ниҳод.
Ампулы с вакциной, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Тоҷикистон қариб бо ваксина таъмин шуд: вуруди боз як бастаи бузурги доруи зидди COVID-19
Ёдовар мешавем, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус, дар Тоҷикистон эмгузаронии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
Вазорати тандурустӣ тавзеҳ дод, афроде, ки зидди коронавирус ваксина нагирифтаанд, бояд ба пизишки оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷиат кунанд.
Қобили зикр аст, ки ваксинаи зидди коронавирус ба шаҳрвандони кишвар ройгон тазриқ мешавад.
Дар Тоҷикистон барои эмкунии аҳолӣ аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.
Работа системы QR-кодов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Тоҷикистон низ QR-код ҷорӣ мекунад
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз Чин ба Душанбе 2 миллиону 960 ҳазор ваксинаи чинии "CoronaVac" оварда шудааст.
Ҳамин тариқ Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин механизм ва дар шакли кумаки башардӯстона беш аз 11 миллиону 400 ҳазор ваксинаи зидди коронавирус дарёфт кард ва барои таъмини иммунитети умуми афроди қобили ваксинагирӣ кишвар танҳо ба 800 ҳазор вояи дигар ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0