https://sputnik.tj/20211231/tolibon-rusiya-jarayon-naguzoshta-safir-tayin-1044548208.html
Толибон Русияро дар ҷараён нагузошта сафир таъйин намудааст
Толибон Русияро дар ҷараён нагузошта сафир таъйин намудааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Русия: Толибон Русияро дар ҷараён нагузошта, сафири ҷадиди худро дар Маскав таъйин менамояд
2021-12-31T11:45+0500
2021-12-31T11:45+0500
2021-12-31T11:45+0500
афғонистон
толибон
сафир
вазорати умури хориҷаи русия
мария захарова
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040474877_0:0:2982:1677_1920x0_80_0_0_2d228bc9405896c0196086bcb4ad6af6.jpg
ДУШАНБЕ, 31дек — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия ахиран дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки Русия аз давлати толибон дар мавриди қасди худ барои таъйини сафири ҷадиди Афғонистон дар Маскав иттилое дарёфт накардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон."Мо аз ҷониби Афғонистон ё мақомоти афғон дар бораи нияти фиристодани сафир ба Русия ҳеҷ гуна иттилоияе дарёфт накардаем”, - гуфт хонум Захарова.Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ин гурӯҳ қасд дорад сафири худро ба сафорати Афғонистон дар Русия таъйин намояд ва умедвор аст, ки Русия ҳукумати ҷадидро ба расмият шиносад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мавзуи эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистонро тавзеҳ дод.Кобулов мегӯяд, дар мавриди эътирофи ҳукумати ҷадиди толибҳо як фаҳмиши умумие вуҷуд дорад, аммо дар зимн баъзе нозукиҳои мавқеъҳо низ ҷой доранд.Ӯ мегӯяд, Русия ҷонибдори риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст, бинобар ин ӯ муҳим хонд, ки духтарону занони афғон ба таҳсил, ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ҷалб шаванд. Русия ҳамчунин тарафдори ҳузури намояндагони тамоми ақвом ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳукумату ҳаёти ҷамъиятии кишвар мебошад, изҳор доштааст Кобулов дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон.Дипломат чор қавми бузурги Афғонистон - тоҷикон, паштунҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳоро зикр намуда, дар зимн муҳим донистааст, ки ҳукумат на танҳо аз нигоҳи қавмӣ, балки аз назари сиёсӣ низ ҳамашумул бошад."Онҳо бояд нишинанд ва дар ин бора музокира кунанд. Ба воситаи кадом васила, Луи ҷирга ё шакли демократӣ, ин кори онҳост. Он гоҳ сулҳи пойдор миёни миллатҳо дар Афғонистон ба вуҷуд меояд", - таъкид кард Кобулов.Ҳамзамон оқои Кобулов илова кард, ки эътирофи сиёсӣ бештар як амали рамзӣ мебошад. Ӯ ишора кард, ки ба расмият шинохтан амалан дар ҷараён асту ҳузури ҳайати толибҳоро дар мулоқоти Маскав ва тамоси намояндагони ҳукумати нав бо кишварҳои дигарро ҳамчун далел зикр намудааст.
https://sputnik.tj/20211230/kushta-shudan-neruho-afghoniston-tolibon-1044542325.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040474877_251:0:2982:2048_1920x0_80_0_0_76387a7f35625735423f0b06471d1bfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, русия, толибон, сафир, таъйин, маскачв
афғонистон, русия, толибон, сафир, таъйин, маскачв
Толибон Русияро дар ҷараён нагузошта сафир таъйин намудааст
Вазорати хориҷаи Русия: Толибон Русияро дар ҷараён нагузошта, сафири ҷадиди худро дар Маскав таъйин менамояд
ДУШАНБЕ, 31дек — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия ахиран дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки Русия аз давлати толибон дар мавриди қасди худ барои таъйини сафири ҷадиди Афғонистон дар Маскав иттилое дарёфт накардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
"Мо аз ҷониби Афғонистон ё мақомоти афғон дар бораи нияти фиристодани сафир ба Русия ҳеҷ гуна иттилоияе дарёфт накардаем”, - гуфт хонум Захарова.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ин гурӯҳ қасд дорад сафири худро ба сафорати Афғонистон дар Русия таъйин намояд ва умедвор аст, ки Русия ҳукумати ҷадидро ба расмият шиносад.
"Мо барнома дорем, ба вижа барои сафоратҳои кунунӣ, дар назар дорем то сафири худро дар Маскав таъйин кунем. Ин як иқдоми дипломатӣ аст, сафоратҳо ва консулгариҳо барои равобити дипломатӣ муҳиманд ва мо якҷоя дар ин раванд кор дорем", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мавзуи эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистонро тавзеҳ дод.
Кобулов мегӯяд, дар мавриди эътирофи ҳукумати ҷадиди толибҳо як фаҳмиши умумие вуҷуд дорад, аммо дар зимн баъзе нозукиҳои мавқеъҳо низ ҷой доранд.
Ӯ мегӯяд, Русия ҷонибдори риояи меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст, бинобар ин ӯ муҳим хонд, ки духтарону занони афғон ба таҳсил, ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ҷалб шаванд. Русия ҳамчунин тарафдори ҳузури намояндагони тамоми ақвом ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҳукумату ҳаёти ҷамъиятии кишвар мебошад, изҳор доштааст Кобулов дар суҳбат бо Sputnik Афғонистон.
Дипломат чор қавми бузурги Афғонистон - тоҷикон, паштунҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳоро зикр намуда, дар зимн муҳим донистааст, ки ҳукумат на танҳо аз нигоҳи қавмӣ, балки аз назари сиёсӣ низ ҳамашумул бошад.
"Онҳо бояд нишинанд ва дар ин бора музокира кунанд. Ба воситаи кадом васила, Луи ҷирга ё шакли демократӣ, ин кори онҳост. Он гоҳ сулҳи пойдор миёни миллатҳо дар Афғонистон ба вуҷуд меояд", - таъкид кард Кобулов.
Ҳамзамон оқои Кобулов илова кард, ки эътирофи сиёсӣ бештар як амали рамзӣ мебошад. Ӯ ишора кард, ки ба расмият шинохтан амалан дар ҷараён асту ҳузури ҳайати толибҳоро дар мулоқоти Маскав ва тамоси намояндагони ҳукумати нав бо кишварҳои дигарро ҳамчун далел зикр намудааст.