Кушта шудани 4000 нерӯи амниятии Афғонистон дар зимни ғасби қудрат аз тарафи толибон

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Обуна шудан
Аз 1 июл то 15 август ҳудуди 4000 нерӯи амниятии Афғонистон кушта шудааст
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳудуди 4000 нерӯи амниятии Афғонистон аз 1 июл то 15 август, ҳангоми ишғоли ҳокимият аз ҷониби толибҳо кушта ва 1000 нафари дигар бедарак шудааст.
Дар ин бора "Washington Post" бо истинод ба собиқ сардори Ситоди артиши Афғонистон Ёсин Зиё хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Зиё, ин теъдод дар як муддати кӯтоҳ дар муқоиса бо арқоми солонаи панҷ соли ахир, ки теъдоди кушташудагони нерӯҳои амниятӣ дар як сол ба ҳисоби миёна ҳудуди 8 ҳазор нафарро ташкил медод, афзоиши қобили мулоҳизаеро нишон медиҳад.
Рӯзнома ҳафтаҳои пеш аз тасарруфи қудрат аз тарафи толибон Кобулро яке аз макони "маргумир" барои нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ду даҳсола гуфта буд.
Амеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением Талибан (запрещено в РФ) в Катаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Халилзод: Агар Ғанӣ фирор намекард, интиқоли қудрат расман сурат мегирифт
Зиё бо истинод ба арқоми расмии ҳукумати собиқи Афғонистон гуфтааст, аз соли 2001 то кунун ҳудуди 92 000 корманди амниятӣ кушта шудааст.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ин рақамҳо аввалин гузориш дар бораи талафоти низомиёни афғонистонӣ аст, зеро маълумот дар бораи кушташудагон аз соли 2017 махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Илова бар ин, ба навиштаи рӯзнома, чанд ҳафта пеш аз тасарруфи Кобул аз сӯйи толибон, мақомоти маҳаллӣ сабти теъдоди кушташудагон ва захмиёнро бас карданд.
Авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар хотимаи ҷангро эълом карданд.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ағбар: Толибон барои аъзои “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаи Афғонистон содир мекунанд
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини ин ҷунбиш вазири умури хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0