https://sputnik.tj/20211230/tojikiston-tijorat-idm-afzoish-1044528256.html
Тоҷикистон тиҷораташро бо кишварҳои ИДМ ба таври рекордӣ афзоиш дод
Тоҷикистон тиҷораташро бо кишварҳои ИДМ ба таври рекордӣ афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳои ИДМ дар соли чорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле фарқ мекунад
2021-12-30T14:50+0500
2021-12-30T14:50+0500
2021-12-30T19:39+0500
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031694665_0:178:3006:1869_1920x0_80_0_0_220ef4fd56549e37de73e23236fe2726.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Соли 2021 гардиши тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил афзоиш ёфт, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.Ҳамагӣ дар 11 моҳ ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои ИДМ 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28 фоиз зиёд аст. Ҳамин тариқ ба кишварҳои муштаракулманофеъ каме камтар аз нисфи ҳаҷми умумии гардиши молии кишвар рост меояд ва он 48,8% ҳисоб шудааст. Аз 11 кишвари шарик афзоиш дар ҳаштои он ба мушоҳида мерасад. Чунончи, савдо бо Туркманистон 2,7 баробар, бо Узбекистон 32 фоиз, бо Қазоқистон 30,6 фоиз афзудааст.Дар ҳамин ҳол коҳиши гардиши мол бо Беларус ва Қирғизистон ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти мавҷудаи Агентии омори Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ аз феҳристи кишварҳои ИДМ дар ин давра будаанд. Дар 11 моҳ ҳаҷми муомилоти мол бо Федератсияи Русия аз 1,1 миллиард доллар гузашт, созишномаҳо бо Қазоқистон ба хазина каме бештар аз 1 миллиард доллар ва бо Узбекистон 396,7 миллион доллар ворид карданд. Гуфта мешавад, тавозуни тиҷорат бо кишварҳои муштаракулманофеъ манфӣ буда, воридоти коло нисбат ба нишондиҳандаҳои содирот 4,5 баробар бештар будааст.Содироти мол 486,8 миллион долларро ташкил дода, беш аз 2,2 миллиард доллар воридот шудааст. Қаблан Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки дар 11 моҳ, аз аввали соли 2021 то кунун ҳаҷми табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон беш аз 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда пас аз аз соли 2014 рекордӣ аст.
https://sputnik.tj/20211230/rusiya-bozor-istehsol-moshin-tojikiston-1044521564.html
https://sputnik.tj/20211201/gardish-mol-rusiya-tojikiston-1043861482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031694665_139:0:2868:2047_1920x0_80_0_0_b07ec70a7faccce7b358563b6f5f5393.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон тиҷорат идм афзоиш
тоҷикистон тиҷорат идм афзоиш
Тоҷикистон тиҷораташро бо кишварҳои ИДМ ба таври рекордӣ афзоиш дод
14:50 30.12.2021 (Навсозишуда: 19:39 30.12.2021) Ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳои ИДМ дар соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле фарқ мекунад
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Соли 2021 гардиши тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил афзоиш ёфт, хабар медиҳад Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Ҳамагӣ дар 11 моҳ ҳаҷми муомилоти мол бо кишварҳои ИДМ 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28 фоиз зиёд аст.
Ҳамин тариқ ба кишварҳои муштаракулманофеъ каме камтар аз нисфи ҳаҷми умумии гардиши молии кишвар рост меояд ва он 48,8% ҳисоб шудааст.
Аз 11 кишвари шарик афзоиш дар ҳаштои он ба мушоҳида мерасад. Чунончи, савдо бо Туркманистон 2,7 баробар, бо Узбекистон 32 фоиз, бо Қазоқистон 30,6 фоиз афзудааст.
Дар ҳамин ҳол коҳиши гардиши мол бо Беларус ва Қирғизистон ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти мавҷудаи Агентии омори Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ аз феҳристи кишварҳои ИДМ дар ин давра будаанд.
Дар 11 моҳ ҳаҷми муомилоти мол бо Федератсияи Русия аз 1,1 миллиард доллар гузашт, созишномаҳо бо Қазоқистон ба хазина каме бештар аз 1 миллиард доллар ва бо Узбекистон 396,7 миллион доллар ворид карданд.
Гуфта мешавад, тавозуни тиҷорат бо кишварҳои муштаракулманофеъ манфӣ буда, воридоти коло нисбат ба нишондиҳандаҳои содирот 4,5 баробар бештар будааст.
Содироти мол 486,8 миллион долларро ташкил дода, беш аз 2,2 миллиард доллар воридот шудааст.
Қаблан Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки дар 11 моҳ, аз аввали соли 2021 то кунун ҳаҷми табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон беш аз 1 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда пас аз аз соли 2014 рекордӣ аст.