https://sputnik.tj/20211230/rusiya-bozor-istehsol-moshin-tojikiston-1044521564.html
Омодагии ширкатҳои Русия барои вуруд ба бозори тавлиди мошин дар Тоҷикистон
Омодагии ширкатҳои Русия барои вуруд ба бозори тавлиди мошин дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои бузурги мошинсозии Федератсияи Русия барои истеҳсоли муштарак ва баровардани маҳсулоти рақобатпазир дар Тоҷикистон омодаанд
2021-12-30T11:29+0500
2021-12-30T11:29+0500
2021-12-30T15:54+0500
дар тоҷикистон
тиҷорат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1e/1044520384_0:308:3072:2036_1920x0_80_0_0_4c93842f852c13ed32d42a5fcf1238cb.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ширкатҳои бонуфузи мошинсозии Русия қасд доранд, дар Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои дилерӣ боз кунанд, гуфт Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо ТАСС. Ӯ гуфт, дар ояндаи наздик дар Душанбе як фурушгоҳи "АвтоВАЗ" кушода мешавад. Гуфтугӯҳо аллакай сурат гирифтаанд. "Ин муҳим аст, зеро Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ буд, ки дар он фурӯшгоҳи ин корхона вуҷуд надошт", - гуфт Коренков.Ба гуфтаи намояндаи тиҷорӣ, дар оянда ширкатҳои бузурги Русия низ дар Тоҷикистон тавлидоту васли таҷҳизотро ба роҳ мемонанд. Ба гуфтаи ӯ, ширкати русӣ омодааст, ки дар Тоҷикистон як маркази дилерӣ барои фурӯш ва нигоҳдории таҷҳизот бо таҷдиди минбаъдааш ба як корхонаи бузурги васлкунӣ боз кунад. Дар ҳамин ҳол намояндаи тиҷорат қайд кард, ки Чин дар ин бозор то ҳол пешсаф аст, вале истеҳсолкунандагони русӣ тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд. Илова бар ин ӯ ба таваҷҷуҳи як ширкати дигар бо номи "Ростселмаш" ба Тоҷикистоне, ки беш аз 50 дарсади ҷамъияташ ба кишоварзӣ машғул аст, ишора кард.“Айби комбайн”: таърифи намояндаи “Ростселмаш” аз техникаи кишоварзии ТоҷикистонВай гуфт, ки дар намоишгоҳи ахир дар Душанбе 17 ширкати русӣ якбора таҷҳизоти кишоварзии худро ба намоиш гузоштанд. Пас аз ин дар мавриди харидории чунин таҷҳизоти сохти Русия тавофуқ ҳосил шуд ва Бонки Авруосиёи Рушд қасд дорад, ба унвони қарздиҳандаи интиқоли содирот баромад кунад. "Мо интизори татбиқи он дар соли 2022 ҳастем, зеро на танҳо аз "Ростселмаш", балки ба дигар корхонаҳои истеҳсоли комбайну тракторҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд", - гуфт роҳбари намояндагӣ.
https://sputnik.tj/20211201/gardish-mol-rusiya-tojikiston-1043861482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1e/1044520384_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_298bb9916f8df913d19218b776c94185.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкатҳо русия бозор истеҳсол мошин тоҷикистон
ширкатҳо русия бозор истеҳсол мошин тоҷикистон
Омодагии ширкатҳои Русия барои вуруд ба бозори тавлиди мошин дар Тоҷикистон
11:29 30.12.2021 (Навсозишуда: 15:54 30.12.2021) Ширкатҳои бузурги мошинсозии Федератсияи Русия барои истеҳсоли муштарак ва баровардани маҳсулоти рақобатпазир дар Тоҷикистон омодаанд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ширкатҳои бонуфузи мошинсозии Русия қасд доранд, дар Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои дилерӣ боз кунанд, гуфт Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо ТАСС.
Ӯ гуфт, дар ояндаи наздик дар Душанбе як фурушгоҳи "АвтоВАЗ" кушода мешавад. Гуфтугӯҳо аллакай сурат гирифтаанд.
"Ин муҳим аст, зеро Тоҷикистон ягона кишвари ИДМ буд, ки дар он фурӯшгоҳи ин корхона вуҷуд надошт", - гуфт Коренков.
Ба гуфтаи намояндаи тиҷорӣ, дар оянда ширкатҳои бузурги Русия низ дар Тоҷикистон тавлидоту васли таҷҳизотро ба роҳ мемонанд.
"Калонтарин ширкати саноатии Русия – Гурӯҳи муттаҳидаи мошинсозӣ, тавлиди таҷҳизоти махсус аллакай бо корхонаи тоҷикистонии "Ремспецмаш" ба созиш расид", - гуфт Коренков.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати русӣ омодааст, ки дар Тоҷикистон як маркази дилерӣ барои фурӯш ва нигоҳдории таҷҳизот бо таҷдиди минбаъдааш ба як корхонаи бузурги васлкунӣ боз кунад.
Дар ҳамин ҳол намояндаи тиҷорат қайд кард, ки Чин дар ин бозор то ҳол пешсаф аст, вале истеҳсолкунандагони русӣ тамоми имкони пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазирро доранд.
Илова бар ин ӯ ба таваҷҷуҳи як ширкати дигар бо номи "Ростселмаш" ба Тоҷикистоне, ки беш аз 50 дарсади ҷамъияташ ба кишоварзӣ машғул аст, ишора кард.
Вай гуфт, ки дар намоишгоҳи ахир дар Душанбе 17 ширкати русӣ якбора таҷҳизоти кишоварзии худро ба намоиш гузоштанд. Пас аз ин дар мавриди харидории чунин таҷҳизоти сохти Русия тавофуқ ҳосил шуд ва Бонки Авруосиёи Рушд қасд дорад, ба унвони қарздиҳандаи интиқоли содирот баромад кунад.
"Мо интизори татбиқи он дар соли 2022 ҳастем, зеро на танҳо аз "Ростселмаш", балки ба дигар корхонаҳои истеҳсоли комбайну тракторҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд", - гуфт роҳбари намояндагӣ.