“Шарики суннатӣ ва боэътимод”: гардиши мол миёни Русияву Тоҷикистон афзуд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкТаможенный пункт оформления, архивное фото
Таможенный пункт оформления, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Обуна шудан
Як мақоми тоҷик аз ширкату корхонаҳои Русия даъват кард, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 1 дек - Sputnik. Ин манотиқи озоди иқтисодӣ дар саросари Тоҷикистон эҷод шудаанд ва дар онҳо барои сармоягузории хориҷӣ шароити мусоид фароҳам шудааст.
Рухшона Насриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки дар Конфронси 8-уми ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Русия суҳбат мекард, гуфт, ширкатҳои русӣ метавонанд бо истифода аз имконоти манотиқи озоди иқтисодӣ барои сохтани корхонаҳои худ ва ҳам муштарак бо ҳамтоёни тоҷикашон иқдом кунанд.
Уборка пшеницы на полях, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
“Айби комбайн”: таърифи намояндаи “Ростселмаш” аз техникаи кишоварзии Тоҷикистон
“Тоҷикистон ва Русия шарикони собитшудаи таърихӣ ҳастанд. Ман мутмаин ҳастам, ки ҳангоми интихоб шарик корхонаҳои мо ба ширкатҳо ва корхонаҳои русӣ тарҷеҳ медиҳанд, зеро русҳо наздиктарин шарикони тиҷорӣ ва суннативу боътимоди мо ҳастанд. Аз шарикони худ дар Русия даъват мекунем, ки бо истифода аз имконоти манотиқи озоди иқтисодӣ сармоягузорӣ кунанд”, - гуфт Рухшона Насриддинзода.
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар кишвар панҷ минтақаи озоди тиҷоратӣ ба ановини "Суғд", "Данғара", "Ишкошим", "Панҷ" ва "Кӯлоб" тибқи як барномаи миллии рушд ва рушди содироти Тоҷикистон эҷод шудааст, ки ба қавли масъулин, шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо дар бахшҳои воқеии иқтисод доранд ва ҳукумат мехоҳад аз ин роҳ зарфияти содиротии худро боло бараду тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридотро рушд диҳад.
Русия шарики калидии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон буда, дар кулли гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ 20% саҳм дорад.
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2021
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 30 дарсад афзоиш ефт
Тибқи иттилои расмӣ, тайи нуҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии мутақобил бо Русия ба 900.1 миллион доллар расид ва нисбат ба давраи таҳлилии соли 2020 ба мизони 178.8 миллион доллар ё 24.8 дарсад афзоиш ёфт.
Содироти маҳсулот ба Русия аз Тоҷикистон дар ин муддат 45.5 ва воридот 854.6 миллион доллар будааст.
Аз соли 2007 то 2021 ҳаҷми сармоягузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1.65 миллиард доллар будааст, ки бузургтарин тарҳи онҳо сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аст.
Лентаи хабарҳо
0