https://sputnik.tj/20211230/saddom-huseyn-khokai-khobovar-bozdosht-1044522944.html
Кӣ макони пинҳоншавии Саддом Ҳусейнро ошкор кард: тафсилоти боздошт ва эъдоми президент
Кӣ макони пинҳоншавии Саддом Ҳусейнро ошкор кард: тафсилоти боздошт ва эъдоми президент
Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз аз эъдоми раисиҷумҳури собиқи Ироқ Саддом ҳусейн15 сол пур мешавад. Он замон нерӯҳои амрикоӣ бо баҳонаи ҷустуҷӯи силоҳи қатли ом ба Ироқ ҳамла карданд, аммо мавҷуд будани силоҳ дар ин кишвар таъйид нашуд
2021-12-30T12:01+0500
2021-12-30T12:01+0500
2024-10-24T16:42+0500
президент
има
ироқ
ҳукми эъдом
ироқ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101357/76/1013577689_0:145:2100:1326_1920x0_80_0_0_f3101a04ec6ce13bd5e4d158a8a5b611.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Артиши ИМА президенти пешини Ироқ Саддом Ҳусейнро бо истифода аз хокаи хобовар боздошт кард. Дар РИА "Новости" бидуни ном бурдани манбааш, ки як тарҷумони ироқии ҳамкори амрикоиҳо будааст, хабар дод.30 декабр аз эъдоми Ҳусейн 15 сол пур мешавад. Ин ҳодиса пас аз ҳамлаи нерӯҳои Амрико ба Ироқ бо баҳонаи ҷустуҷӯи силоҳи қатъи ом рух дод, ки мавҷудияти он дар ин кишвар таъйид нашуд. Ба гуфтаи ин тарҷумон, ӯ ҳамроҳи низомиёни амрикоие будааст, ки амалиёти боздошти Ҳусейнро анҷом медодаанд. Вай ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ба онҳое, ки дар бораи макони будубоши Ҳусейн маълумот доданд, чанд миллион доллар ваъда карда буд. Ба гуфтаи тарҷумон, фарзияе вуҷуд дошт, ки гӯё макони будубоши Ҳусейнро яке аз наздикони муҳофизони ӯ ошкор кардааст. Сипас ин маълумот тавассути пайгирии посбоне, ки ба президент ғизо мерасонд, тасдиқ шуд. Як воҳиди нерӯҳои махсуси Амрико ба макони будубош фиристода шуд ва ҳамзамон десант ҳам ба замин фуруд омад. Ба худи тарҷумон иҷозат надоданд, ки наздик шавад, зеро ӯ противогаз надошт. "Чанд нафарро аз он ҷо берун бурданд. Пас аз он ки онҳоро берун карданд, ман пурсидам, ки онҳо кӣ ҳастанд... Афсаре ман гуфт, ки ин президент Саддом Ҳусейн аст ва нерӯҳои вижа барои боздошти ӯ фиристода шудаанд. Ҳатто моро аз наздикӣ бо ӯ мамнуъ карданд", - нақл кард манбаъ.Ба гуфтаи ӯ, противогаз барои он лозим буд, ки дар маҳалли амалиёт дар майдони тақрибан як километри мураббаъ, ҳам дар дохили бино ва ҳам дар фермае, ки ӯ пинҳон шуда буд, газ пошиданд.Баъди ба воситаи чархбол интиқол додани Саддом Ҳусейн ба тарҷумон муяссар шуда, утоқеро, ки ӯ зиндагӣ мекард, аз назар гузаронад: он ҳуҷрае буд, ки 3,5 метр паҳноӣ ва тақрибан 4 тӯл дошту дар он ду кат мавҷуд буд. Тарҷумон афзуд, ки аксари ашёи шахсии Саддом Ҳусейн - пойафзол, соат, либос ва ҳатто ғизо дуздида шудаанд. Ба гуфти ӯ, касе аз низомиён онро ҳамчун хотира гирифта буд. Ӯ ҳамчунин қайд кард, пас аз анҷоми амалиёт, буттаҳои афлесун, дарахтони тӯт, чорво ва сагҳои бесоҳибро як навъ моддаи сафед пӯшонида буд ва тамоми ҳайвонот мурданд."Вақте ки низомиён ба ҷои ҳодиса расиданд, хока дар баргҳои дарахт низ буд. Ҳаво сард буд, он вазъ ду-се рӯзи дигар боқӣ монд ва баъдан нопадид шуд", - гуфт тарҷумон. Низоми пешини Ироқ моҳи апрели соли 2003 бар асари ҳамлаи эътилоф таҳти раҳбарии Амрико ба ин кишвар барҳам хӯрд. Хукуматдорони истилогар ҳизби ҳамонвақтаи ҳукмрони "Баъс" ва артиши Ироқро пароканда карданд. Раисҷумҳури пешини Ироқ Саддом Ҳусейн моҳи декабри ҳамон сол боздошт ва сипас ба мақомоти нави ин кишвар супурда шуд. Ӯ дар соли 2006 эъдом шуд.
https://sputnik.tj/20211229/usto-hasan-kandakor-tojik-asar-saddom-huseyn-kharid-1044501405.html
има
ироқ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101357/76/1013577689_70:0:2030:1470_1920x0_80_0_0_45b2f8df43627486b7bb887ba7139e8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саддом ҳусейн, эъдом, ироқ, има, тарҷумон,
саддом ҳусейн, эъдом, ироқ, има, тарҷумон,
Кӣ макони пинҳоншавии Саддом Ҳусейнро ошкор кард: тафсилоти боздошт ва эъдоми президент
12:01 30.12.2021 (Навсозишуда: 16:42 24.10.2024) Имрӯз аз эъдоми раисҷумҳури собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн 15 сол пур мешавад. Он замон нерӯҳои амрикоӣ бо баҳонаи ҷустуҷӯи силоҳи қатли ом ба Ироқ ҳамла карданд, аммо мавҷуд будани он дар ин кишвар таъйид нашуд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Артиши ИМА президенти пешини Ироқ Саддом Ҳусейнро бо истифода аз хокаи хобовар боздошт кард. Дар РИА "Новости" бидуни ном бурдани манбааш, ки як тарҷумони ироқии ҳамкори амрикоиҳо будааст, хабар дод.
30 декабр аз эъдоми Ҳусейн 15 сол пур мешавад. Ин ҳодиса пас аз ҳамлаи нерӯҳои Амрико ба Ироқ бо баҳонаи ҷустуҷӯи силоҳи қатъи ом рух дод, ки мавҷудияти он дар ин кишвар таъйид нашуд.
Ба гуфтаи ин тарҷумон, ӯ ҳамроҳи низомиёни амрикоие будааст, ки амалиёти боздошти Ҳусейнро анҷом медодаанд. Вай ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ба онҳое, ки дар бораи макони будубоши Ҳусейн маълумот доданд, чанд миллион доллар ваъда карда буд.
"Тақрибан пас аз ҳашт моҳи оғози кори ман онҳо маълумот гирифтанд. Табиист, ки ин кор комилан махфӣ буд ва дар бораи он ҳеҷ кас намедонист, ҳамчунин дар бораи ҷойе, ки Саддом Ҳусейн пинҳон шуда буд (минтақаи Эд-дури музофоти Салоҳиддин), дар як ферма, 50 метр дуртар аз мавзеи Ал-Маабар касе иттилоъ надошт", - гуфт мусоҳиби ожонсӣ.
Ба гуфтаи тарҷумон, фарзияе вуҷуд дошт, ки гӯё макони будубоши Ҳусейнро яке аз наздикони муҳофизони ӯ ошкор кардааст. Сипас ин маълумот тавассути пайгирии посбоне, ки ба президент ғизо мерасонд, тасдиқ шуд.
"Ҳеҷ кас намедонист, ки ин муҳофизи президент аст. Артиши Амрико ба он шубҳа дошт, ки ин мард аз бозорҳо беҳтарин мол, маводи тамғаи муайянро мехарад. Бо назардошти вазъи кишвар ва шароити зиндагии мардум ҳамаи ин шубҳаҳо ба вуҷуд омада буданд, аммо дар натиҷа ҳама чиз маълум шуд", - гуфт мусоҳиб.
Як воҳиди нерӯҳои махсуси Амрико ба макони будубош фиристода шуд ва ҳамзамон десант ҳам ба замин фуруд омад. Ба худи тарҷумон иҷозат надоданд, ки наздик шавад, зеро ӯ противогаз надошт.
"Чанд нафарро аз он ҷо берун бурданд. Пас аз он ки онҳоро берун карданд, ман пурсидам, ки онҳо кӣ ҳастанд... Афсаре ман гуфт, ки ин президент Саддом Ҳусейн аст ва нерӯҳои вижа барои боздошти ӯ фиристода шудаанд. Ҳатто моро аз наздикӣ бо ӯ мамнуъ карданд", - нақл кард манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, противогаз барои он лозим буд, ки дар маҳалли амалиёт дар майдони тақрибан як километри мураббаъ, ҳам дар дохили бино ва ҳам дар фермае, ки ӯ пинҳон шуда буд, газ пошиданд.
Баъди ба воситаи чархбол интиқол додани Саддом Ҳусейн ба тарҷумон муяссар шуда, утоқеро, ки ӯ зиндагӣ мекард, аз назар гузаронад: он ҳуҷрае буд, ки 3,5 метр паҳноӣ ва тақрибан 4 тӯл дошту дар он ду кат мавҷуд буд.
"Дар он ҷо ду ҷуфт пойафзоли ортопедӣ, либосҳои гаронбаҳо, атриёт ва ашёи шахсӣ - соати дастии президент, чанд акси оилаи ӯ, магнитофон бо лентаи холӣ ва сабтҳои аудиоии президенту таппонча низ буд", - гуфт манбаъ.
Тарҷумон афзуд, ки аксари ашёи шахсии Саддом Ҳусейн - пойафзол, соат, либос ва ҳатто ғизо дуздида шудаанд. Ба гуфти ӯ, касе аз низомиён онро ҳамчун хотира гирифта буд.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, пас аз анҷоми амалиёт, буттаҳои афлесун, дарахтони тӯт, чорво ва сагҳои бесоҳибро як навъ моддаи сафед пӯшонида буд ва тамоми ҳайвонот мурданд.
"Вақте ки низомиён ба ҷои ҳодиса расиданд, хока дар баргҳои дарахт низ буд. Ҳаво сард буд, он вазъ ду-се рӯзи дигар боқӣ монд ва баъдан нопадид шуд", - гуфт тарҷумон.
Низоми пешини Ироқ моҳи апрели соли 2003 бар асари ҳамлаи эътилоф таҳти раҳбарии Амрико ба ин кишвар барҳам хӯрд. Хукуматдорони истилогар ҳизби ҳамонвақтаи ҳукмрони "Баъс" ва артиши Ироқро пароканда карданд. Раисҷумҳури пешини Ироқ Саддом Ҳусейн моҳи декабри ҳамон сол боздошт ва сипас ба мақомоти нави ин кишвар супурда шуд. Ӯ дар соли 2006 эъдом шуд.