https://sputnik.tj/20211229/usto-hasan-kandakor-tojik-asar-saddom-huseyn-kharid-1044501405.html
Усто Ҳасан, кандакори тоҷике, ки асарашро Саддом Ҳусейн бо нархи гарон харида буд
Усто Ҳасан, кандакори тоҷике, ки асарашро Саддом Ҳусейн бо нархи гарон харида буд
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ президенти Ироқ Саддом Ҳусейн, асари кандакори тоҷикро бо нархи 1000 доллари амрикоӣ харида буд
2021-12-29T17:40+0500
2021-12-29T17:40+0500
2021-12-29T19:54+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
кандакорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/80/1029088066_0:54:1025:631_1920x0_80_0_0_e8e474e3b986f499ead2e1e7fc974f0b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ҳасан Ҷумъаев, ки бештар бо номи Усто Ҳасан дар Тоҷикистон маъруф аст, яке аз кандакорони хушсалиқа мебошад ва асарҳои ӯ аз ҷониби хориҷиён хуб баҳогузорӣ мешаванд. Ҳамчунин маҳсули дасти ӯро худи кишвардори пешини Ироқ харидорӣ намудааст.Усто Ҳасан сокини ноҳияи Варзоб мебошад. Ӯро замоне барои таълим додани кӯдакони яманӣ ба ин кишвар даъват карданд. Сомонаи "Your.tj" менависад, номбурда муддати се сол дар Яман ба кӯдакон дарси кандакориро меомӯзонд. Ҳоло аксари шогирдони ӯ марказҳои ҳунарӣ ифтитоҳ намудаанд ва ҳунари аз омӯзгори тоҷик андӯхтаро сайқал медиҳанд.Усто Ҳасан дар Яман дар баробари машғул будан ба таълими кӯдакон, ҳамчунин маҳсули дасти худро дар намоишгоҳҳо ба маърази тамошо мегузошт. Боре дар як намоишгоҳ, ки бо ҳузури сарону намояндагони расмии баъзе аз давлатҳо барпо мешуд, президенти пешини Ироқ Саддом Ҳусейн аз миёни асарҳои Усто Ҳасан асари "Рустам ва Сӯҳроб"-и ӯро интихоб карду бар ивази 1000 доллар онро харид.Гуфта мешавад, ин ҳунарманди чирадаст ҳоло дар як ҳуҷраи хонаи истиқоматияш тамоми асбобу лавозими кандакориро ҷой намуда, ҳамарӯза ба офаридани асарҳои нав ба нав машғул аст. Илова бар ин ба донишҷӯёни Коллеҷи рассомӣ низ дарс мегӯяд.Манбаъ меафзояд, ҳоло асарҳои офаридааш дар осорхонаҳои чандин кишварҳо, аз ҷумла Канада, Яман, Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Фаронса, Туркия ва як қатор кишварҳои дигар маҳфузанд.
https://sputnik.tj/20210420/ustoi-tojik-tabaq-1038806812.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/80/1029088066_57:0:969:684_1920x0_80_0_0_3c5116ee623f6305d908432bc79a6e04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кандакори тоҷик
Усто Ҳасан, кандакори тоҷике, ки асарашро Саддом Ҳусейн бо нархи гарон харида буд
17:40 29.12.2021 (Навсозишуда: 19:54 29.12.2021) Президенти пешини Ироқ Саддом Ҳусейн асари кандакори тоҷикро бо нархи 1000 доллари амрикоӣ харида буд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ҳасан Ҷумъаев, ки бештар бо номи Усто Ҳасан дар Тоҷикистон маъруф аст, яке аз кандакорони хушсалиқа мебошад ва асарҳои ӯ аз ҷониби хориҷиён хуб баҳогузорӣ мешаванд. Ҳамчунин маҳсули дасти ӯро худи кишвардори пешини Ироқ харидорӣ намудааст.
Усто Ҳасан сокини ноҳияи Варзоб мебошад. Ӯро замоне барои таълим додани кӯдакони яманӣ ба ин кишвар даъват карданд.
Сомонаи "Your.tj" менависад, номбурда муддати се сол дар Яман ба кӯдакон дарси кандакориро меомӯзонд. Ҳоло аксари шогирдони ӯ марказҳои ҳунарӣ ифтитоҳ намудаанд ва ҳунари аз омӯзгори тоҷик андӯхтаро сайқал медиҳанд.
Усто Ҳасан дар Яман дар баробари машғул будан ба таълими кӯдакон, ҳамчунин маҳсули дасти худро дар намоишгоҳҳо ба маърази тамошо мегузошт. Боре дар як намоишгоҳ, ки бо ҳузури сарону намояндагони расмии баъзе аз давлатҳо барпо мешуд, президенти пешини Ироқ Саддом Ҳусейн аз миёни асарҳои Усто Ҳасан асари "Рустам ва Сӯҳроб"-и ӯро интихоб карду бар ивази 1000 доллар онро харид.
Гуфта мешавад, ин ҳунарманди чирадаст ҳоло дар як ҳуҷраи хонаи истиқоматияш тамоми асбобу лавозими кандакориро ҷой намуда, ҳамарӯза ба офаридани асарҳои нав ба нав машғул аст. Илова бар ин ба донишҷӯёни Коллеҷи рассомӣ низ дарс мегӯяд.
Манбаъ меафзояд, ҳоло асарҳои офаридааш дар осорхонаҳои чандин кишварҳо, аз ҷумла Канада, Яман, Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Фаронса, Туркия ва як қатор кишварҳои дигар маҳфузанд.