Лякин-Фролов: Корхонаҳои дӯзандагии Русия омодаанд, занони тоҷикро ба кор таъмин кунанд

© Sputnik / Амир ИсаевПосол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Обуна шудан
Дар дидор бо муовини вазири меҳнат сафири Русия дар Тоҷикистон эълон кард, ки ширкатҳо ва корхонаҳои дӯзандагии ин кишвар омодаанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор ҷалб намоянд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнати кишвар дар мулоқот бо Игро Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳамкории муштарак, аз ҷумла танзими раванди муҳоҷират ва ҷалби гурӯҳии муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар ҳудуди Русияро баррасӣ намуд
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тарафҳо дар бораи корҳои анҷомшуда ва мушкилоти ҷойдошта дар ин хусус мубодилаи афкор намуданд.
Зимни мулоқот сафири Русия ба таҷрибаи Ӯзбекистон дар хусуси ҷалби гурӯҳии шаҳрвандон барои кор дар хориҷ аз кишварашон ишора кард.
Сафир қайд кардааст, ки ширкатҳо ва корхонаҳои дӯзандагии Русия омодаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла занонро барои фаъолият дар Русия ҷалб намоянд.
АвтоВАЗ начал производство новой Lada Niva Travel - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Омодагии ширкатҳои Русия барои вуруд ба бозори тавлиди мошин дар Тоҷикистон
Муовини вазири меҳнати Тоҷикистон дар масъалаҳои фаъолияти сохторҳои вазорат, ки барои омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошанд, маълумот дод.
Шаҳноза Нодирӣ қайд намуд, ки ҳамкории муштараки Душанбеву Маскав дар зимни созишномаи байниҳукуматӣ барои ҷалби гурӯҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор дар Русия густариш меёбад.
Вобаста ба ҷалби қувваи корӣ муовини вазир қайд кард, ки айни замон портали “Кор дар Русия”-и Хадамоти федералии меҳнат ва шуғл (Русия), утоқи кории МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ҳамчун мақоми ваколатдори Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, ки барои дарёфти кор дар ширкатҳои гуногуни Русия аз тариқи онлайнӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Ҳалли мушкили 20 муҳоҷири кории тоҷик дар Русия: пулашонро баргардонданд
Инчунин тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар бораи ҳолати кунунии лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират, ки дар баррасии мақомоти дахлдори тарафҳо қарор доранд, мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта мешавад, роҳбари нави намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон омодагии худро барои мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва тасреи имзои санадҳо изҳор дошт.
Лентаи хабарҳо
0