https://sputnik.tj/20211228/mushkiloti-muhojiri-mehnatii-tojik-rusiya-pul-bargardondand-1044483845.html
Ҳалли мушкили 20 муҳоҷири кории тоҷик дар Русия: пулашонро баргардонданд
Ҳалли мушкили 20 муҳоҷири кории тоҷик дар Русия: пулашонро баргардонданд
Sputnik Тоҷикистон
Корфармои рус баъд фишор аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон музди меҳнати 20 нафар шаҳрвандони кишварро пардохт кард
2021-12-28T20:40+0500
2021-12-28T20:40+0500
2021-12-28T21:15+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
музди меҳнат
пардохт
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044214364_0:23:1000:586_1920x0_80_0_0_9973fc64566b742a5258435f1292cae4.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия корфармои рус музди корӣ пардохтнашудаи 20 нафар аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ – коргарони муҳоҷирро дод.Манбаъ иттилоъ дод, ки ахиран ба намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи пардохт нагардидани музди меҳнати 20 нафар аз ҳамтоёнаш аз ҷониби як корфармо дар яке аз минтақаҳои Русия муроҷиат намудааст.Намояндагӣ барои ҳалли ин масъала бо корфармо дар тамос шуда, масъалаҳои пардохт гардидани музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузоштааст.“Дар натиҷаи машваратҳо ва гуфтугуҳои пайвастаи ҷонибҳо дар муддати муайян корфармо музди меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистонро пардохт намуд”, - қайд кардааст манбаъ.Ба ҳамин тартиб музди меҳнати 20 коргари муҳоҷир, ки 900 ҳазор рублро ташкил медод, аз тарафи корфармо пурра пардохт шуд.Намояндагӣ ба муҳоҷирони корӣ тавсия додааст, минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, тибқи қонунгузории Русия, ҳатман як нусхаи қарордоди кориеро, ки бо корфармо имзо кардаанд, ҳифз намоянд.
https://sputnik.tj/20211216/mujozoti-afghoniston-rusiya-naqzi-qavonini-muhojirat-1044194269.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044214364_77:0:964:665_1920x0_80_0_0_7e5092aa8f5d3718953d90b4359d71d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, корфармо, музди меҳнат
тоҷикистон, муҳоҷират, корфармо, музди меҳнат
Ҳалли мушкили 20 муҳоҷири кории тоҷик дар Русия: пулашонро баргардонданд
20:40 28.12.2021 (Навсозишуда: 21:15 28.12.2021) Корфармои рус баъд фишор аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон музди меҳнати 20 нафар аз шаҳрвандони ҷумҳуриро пардохт кард
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия корфармои рус музди корӣ пардохтнашудаи 20 нафар аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ – коргарони муҳоҷирро дод.
Манбаъ иттилоъ дод, ки ахиран ба намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи пардохт нагардидани музди меҳнати 20 нафар аз ҳамтоёнаш аз ҷониби як корфармо дар яке аз минтақаҳои Русия муроҷиат намудааст.
Намояндагӣ барои ҳалли ин масъала бо корфармо дар тамос шуда, масъалаҳои пардохт гардидани музди меҳнати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузоштааст.
“Дар натиҷаи машваратҳо ва гуфтугуҳои пайвастаи ҷонибҳо дар муддати муайян корфармо музди меҳнати шаҳрвандони Тоҷикистонро пардохт намуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ба ҳамин тартиб музди меҳнати 20 коргари муҳоҷир, ки 900 ҳазор рублро ташкил медод, аз тарафи корфармо пурра пардохт шуд.
Намояндагӣ ба муҳоҷирони корӣ тавсия додааст, минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ, тибқи қонунгузории Русия, ҳатман як нусхаи қарордоди кориеро, ки бо корфармо имзо кардаанд, ҳифз намоянд.