Худрави ҷангии пиёданизоми нави Русия Б-19 дар ихтиёри артиш

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБМП-3
БМП-3 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Мошинҳои зиреҳпӯш барои пиёданизомони сохти Русия дар ҷаҳон бо хусусиятҳои баланди ҷангӣ, эътимоднокӣ ва истифодаи соддат он дар ҳама гуна шароити табиӣ ва иқлим маълуманд.
Худрави ҷангии пиёданизоми Б-19 бо модули “Эпха” тавлиди мошинҳои ҷангии Русияро бошарафона идома медиҳад.
Худрави ҷангии пиёданизоми Б-19 дар ҳоли озмоишҳо қарор дорад ва дар ояндаи наздик аз ҷониби артиши Русия мавриди истифода қарор мегирад. Дар артиш 12 адад аз ин мошинҳо ҳамчун таҷрибавӣ бомуваффакият истифода мешаванд. Мутахассисони Вазорати мудофиаи Русия аз соли 2019 ба озмоишҳои саҳроӣ ин худравҳои зиреҳпуш машғул мебошанд.
Худрави ҷангии пиёданизоми Б-19 дар машқҳои муштараки стратегии "Ғарб-2021" истифода шуд. Дар ин машқҳо тавоноии ин худрави зиреҳпӯш хуб нишон дода шуда буд. Худравҳои навтарини зиреҳпуш барои нигоҳ доштани устувории ҷангии қӯшунҳо, нигоҳ доштани хатҳо, мавқеъҳо ва минтақаҳои муҳим кӯмак мерасонанд.
Танк Т-72Б3 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Русия пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро бо тонкҳои нав муҷаҳҳаз мекунад
Рӯзи 27-уми декабр сарфармондеҳи нерӯҳои пиёдагарди Русия Олег Салюков қайд кард, ки навтарин Худрави ҷангии пиёданизоми Б-19 аз лиҳози зарфиятҳои оташнишонӣ аз Худрави ҷангии пиёданизом-2 ва Худрави ҷангии пиёданизом-3-и Русия фарқияти бузург дорад. Модули ҷангии “Эпоха” бо тупи нави автоматии 57 мм ва ду мушаки идорашавандаи “Корнет” ва “Булат” дар ҳама гуна амалиётҳо бартарии оташро таъмин мекунад ва қодир аст, бо танкҳо ва дигар зиреҳпӯшҳо рақобат кунад.
Хусусияти асосии низоми иттилоотӣ ва идоракунии силоҳи модули ҷангии “Эпоха” ин қобилияти ба таври худкор ҷустуҷӯ кардан, шинохти ҳадафҳои душман, пайгирии онҳо, омода кардан ва додани пешниҳодҳо ба экипажи мошин аст. Низмои "ҳушмандӣ" афзалият ё хатари ҳадафҳои душманро арзёбӣ мекунад.
Модули ҷангии универсалии "Эпоха" ба эргономикаи мошини ҷангӣ (бароҳатӣ ва бехатарии экипаж) таъсир намерасонад, он ба таври фосилавӣ - аз терминалҳои фармондеҳ (назари панорамӣ) ва тирандоз идора карда мешавад. Дастгоҳҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки дар ҳама гуна шароити обу ҳаво ба душман шабу рӯз зарба занед.

Фаъолияти барҷаста

Лоиҳаи азнавсозии амиқи Худрави ҷангии пиёданизом-3, ки бо навтарин худрав Б-19 иваз карда мешавад, ҳамоҳанг ва баландтехнологӣ менамояд. Низоми идоракунии оташфишонии “Эпоха” аз дастгоҳҳои мувофиқи Худрави ҷангии пиёданизом -3 баръало бартарӣ дорад, дар заминаи элементҳои замонавӣ сохта шудааст ва як қатор бартариҳои муҳими нав дорад.
Боевая машина поддержки танков (БМПТ) Терминатор  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2020
“Ин пештозист”: Русия тактики нави ҷангӣ бо тонкро озмоиш дорад
Модули ҷангии “Эпоха”-и Б-19 дар тавлидгоҳи Тула таҳия шудааст. Худрави ҷангии пиёданизоми Б-19 вазнаш 18,7 тонна мебошад. Иқтидори муҳаррикаш 500 қвваи мебошад. Албатта то ҳол ҳамаи ҷузъиёти ин мошинҳои зиреҳпӯши нави Русия ифшо нашудаан.
Дар форуми Армия-2017 шартнома дар бораи таҳвили чанд мошини таҷрибавии Худрави ҷангии пиёданизом -3 бо модули ҷангии “Эпоха” бо Вазорати дифои Русия ба имзо расид.
Боварӣ дорам, ки дар давраи миёнамӯҳлат, мошини зиреҳпӯши Б-19 бо модули ҷангии “Эпоха” ба таври осоишта дар бозори ҷаҳонии силоҳ мавқеи худро пайдо мекунанд. Русия ба таври анъанавӣ дар рейтинги таъминкунандагони мошинҳои нави зиреҳпӯш пешсаф аст ва танҳо дар давраи солҳои 2010-2017 беш аз 1200 мошини ба маблағи 1,48 миллиард доллар фурӯхтааст.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2021 Нерӯҳои хушкигарди Русия ҳудуди 2500 навъи нави аслиҳа, техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла мошинҳои ҷангии Худрави ҷангии пиёданизом -3, мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, танкҳои Т-90М ва навсозишуаи Т-72БЗМ, Т-80БВМ дарёфт карданд.
Лентаи хабарҳо
0