https://sputnik.tj/20211108/rusiya-poygoh-201-tojikiston-mujahhaz-1043325743.html
Русия пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро бо тонкҳои нав муҷаҳҳаз мекунад
Русия пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро бо тонкҳои нав муҷаҳҳаз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Нахустин тонкҳои нави Т-72Б3М аллакай дар моҳи ноябр ба ихтиёри пойгоҳи низомии 201-уми Русия даро Тоҷикистон гузошта хоҳанд шуд
2021-11-08T17:00+0500
2021-11-08T17:00+0500
2021-11-08T18:39+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
пойгоҳи 201
танк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043316201_0:186:3040:1896_1920x0_80_0_0_332d964647f87931fa396f7a44c0f512.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо тонкҳои Т-72Б3М муҷаҳҳаз мешавад, хабар дод фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ, генерал-полковник Александр Лапин.Ба гуфтаи ӯ, нахустин қатори тонкҳои ҷадид моҳи равон ба Тоҷикистон мерасанд. Ӯ зимни як ҳамоиш бо иштироки рӯзноманигорон аз бартариҳои ҷангии танки ҷадид тавсиф кард. Таъкид шудааст, ки то охири соли равон дар маҷмуъ 60 адад аз чунин мошинҳои ҷангӣ ба пойгоҳи 201 интиқол дода мешаванд. Гуфта мешавад, қабати зиреҳии ҳимояи сарнишинҳо ва иқтидори зарбазании онҳо тақвият шудааст. Инчунин мошинҳои ҷадид бо муҳаррики ҷадиди "Акведук" муҷаҳҳаз мебошанд. Қаблан пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соҳиби мошинҳои зиреҳпӯши "Патрул" ва "Есаул" шуда буд. Таъкид гардидааст, ки тавони ҷангии пойгоҳи низомӣ баъди таҷҳиз бо силоҳу воситаҳои алоқаи муосир ба маротиб афзоиш меёбад.
https://sputnik.tj/20211108/mutakhassison-rus-nizomi-tojikro-omuzish-1043324928.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043316201_309:0:3040:2048_1920x0_80_0_0_bef94434c0087e9599d522b7bbedebe7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пойгоҳ, 201, тоҷикистон, русия
пойгоҳ, 201, тоҷикистон, русия
Русия пойгоҳи 201 дар Тоҷикистонро бо тонкҳои нав муҷаҳҳаз мекунад
17:00 08.11.2021 (Навсозишуда: 18:39 08.11.2021) Нахустин тонкҳои нави Т-72Б3М аллакай дар моҳи ноябр дар ихтиёри пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо тонкҳои Т-72Б3М муҷаҳҳаз мешавад, хабар дод фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомӣ, генерал-полковник Александр Лапин.
Ба гуфтаи ӯ, нахустин қатори тонкҳои ҷадид моҳи равон ба Тоҷикистон мерасанд. Ӯ зимни як ҳамоиш бо иштироки рӯзноманигорон аз бартариҳои ҷангии танки ҷадид тавсиф кард.
"Мо дар пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон кори зиёде барои муҷаҳҳазсозӣ анҷом додем. Феълан се баталиони тирандози савора пурра силоҳу техникаи ҷадид гирифтанд", - изҳор дошт фармондеҳи низомӣ.
Таъкид шудааст, ки то охири соли равон дар маҷмуъ 60 адад аз чунин мошинҳои ҷангӣ ба пойгоҳи 201 интиқол дода мешаванд.
Гуфта мешавад, қабати зиреҳии ҳимояи сарнишинҳо ва иқтидори зарбазании онҳо тақвият шудааст. Инчунин мошинҳои ҷадид бо муҳаррики ҷадиди "Акведук" муҷаҳҳаз мебошанд.
Қаблан пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соҳиби мошинҳои зиреҳпӯши "Патрул" ва "Есаул" шуда буд.
Таъкид гардидааст, ки тавони ҷангии пойгоҳи низомӣ баъди таҷҳиз бо силоҳу воситаҳои алоқаи муосир ба маротиб афзоиш меёбад.