Толибон бархе аз кормандони Бонки Ҷаҳониро барканор карданд

© Commons.wikimediaШтаб-квартира Всемирного банка в Вашингтоне, архивное фото
Штаб-квартира Всемирного банка в Вашингтоне, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Обуна шудан
Толибон теъдоде аз кормандони Бонки Ҷаҳониро ба далели набуди пул барои маош аз кор барканор карданд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Вазорати бозсозӣ ва рушди деҳоти Афғонистон шуморе аз кормандони Бонки Ҷаҳонӣ дар Афғонистонро ба далели набуди пул барои пардохти маош, ки дар ин шуъба кор мекардаанд, аз кор барканор кард, хабар додааст як манбаъ ба РИА "Новости" бо такя ба номаи вазорат.
"Бале, ман ин номаро дидам. Теъдоди коргарони қарордодии Бонки Ҷаҳонӣ ба 15 ҳазор нафар мерасад. Сарнавишти онҳо то ҳол маълум нест. Толибон дар посух гуфтанд, ки дар соли нав наметавонанд маошашонро пардохт кунанд. Интизори посухи Бонки Ҷаҳонӣ ҳастанд", — гуфтааст намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар Вазорати барқарорӣ ва рушди деҳоти Афғонистон низ кор мекунад.
Дар баробари ин шумораи мушаххаси коргароне, ки аз вазифа озод мешаванд, гуфта нашудааст.
Дафтари сиёсии толибон ҳамчунин қайд кард, як комиссияи муштарак таъсис дода мешавад, ки он намояндагони Бонки марказии Афғонистон ва ҳамчунин Вазорати барқарорӣ ва рушди деҳотро шомил мешавад ва ба масъалаи пардохт ба кормандони барканоршуда машғул хоҳад шуд.
Вид на реку в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Толибон: Бандҳои бузург месозем, обро ба нафт табдил медиҳем
Бисёре аз афғонистониҳо, аз ҷумла хидматчиёни давлатӣ, кормандони Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ, кормандони маориф ва тандурустӣ моҳҳо боз маош намегиранд. Садҳо табиб ва корманди ширкати давлатии энержӣ дар Кобул алайҳи таъхир дар пардохти маошашон эътироз карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттакӣ гуфт, таъхир дар пардохтҳо ба вазъи молию иқтисодии тақрибан ним миллион корманди давлатӣ таъсир кардааст.
Барои мубориза бо буҳрони башарӣ дар Афғонистон Бонки Ҷаҳонӣ, ки сандуқи бозсозии ин кишварро идора мекунад, аз тахсиси 280 миллион доллар ба сохторҳои СММ барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон хабар дод.
Гирандагони ин маблағ ЮНИСЕФ ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мебошанд, ки то охири моҳи декабр мутаносибан 100 ва 180 миллион доллар дарёфт хоҳанд кард.
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Даъвати Карзай аз ҷаҳон: Нобовариро канор гузореду бо толибон ҳамкорӣ кунед
Дар авоили моҳи август толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Дар авоили моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири хориҷа буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0