https://sputnik.tj/20211222/dushanbe-panohandagon-afghoniston-kumak-1044328813.html
Сафири Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон сипос гуфт
Сафири Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон сипос гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба паноҳандагони Афғонистон. ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор доранд ба маблағи 1 миллиону 256 ҳазор доллар кумаки тиббӣ ихтисос дода шуд
2021-12-22T19:30+0500
2021-12-22T19:30+0500
2021-12-22T20:43+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
кӯмак
паноҳандагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116597_0:0:3115:1753_1920x0_80_0_0_a33284ea7fa529f428fe10987d7bff3f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар Душанбе ба паноҳандагони афғонистонӣ доруворӣ кумак карданд, хабар медиҳад Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар ҷумҳурӣ.Дар маросими супоридани кумаки тиббӣ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар иштирок ва зимни суханронӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ташаккур кард.Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо гузоштани аксҳо аз ҷараёни ин маросим дар сафҳаи "Facebook"-и худ зикр намудааст, ки ба паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 1 миилону 256 ҳазор доллар кумаки тиббӣ ихтисос дода шуд.Гуфта мешавад, маводи тиббӣ аз моҳи январи соли оянда аз ҷониби ҷамъияти мазкур ба беморхонаҳои марбут ба онҳо тақсим мешавад.Дар маросими супоридани маводи тиббӣ намояндагони ҳукумату вазоратҳо, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин худи масъулони ҷамъияти мазкур ҳузур доштанд.Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ низ ба масъалаи Афғонистон дахл кард ва изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу субот дар ин кишвар аст.Президент бори дигар ба зарурати ирсоли саривақтии кумакҳои башардӯстона таъкид кард ва гуфт, шаш пуле, ки ҳоло Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад, омодаи хидматрасонӣ аст.
https://sputnik.tj/20211221/emomali-rahmon-roh-sulh-afghoniston-1044291685.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116597_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fa738cd61c0de68e7e784899032dc697.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе паноҳандагон
Сафири Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон сипос гуфт
19:30 22.12.2021 (Навсозишуда: 20:43 22.12.2021) Муҳаммад Зоҳири Ағбар барои таваҷҷуҳ ва кумакрасонӣ ба мардуми Афғонистон, хосатан паноҳандагони ин кишвар дар Тоҷикистон сипос гуфт
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар Душанбе ба паноҳандагони афғонистонӣ доруворӣ кумак карданд, хабар медиҳад Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар ҷумҳурӣ.
Дар маросими супоридани кумаки тиббӣ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар иштирок ва зимни суханронӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ташаккур кард.
"Барои таваҷҷуҳ ва кумакрасонӣ ба гурезагону паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон сипосгузорем", - афзуд ӯ.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо гузоштани аксҳо аз ҷараёни ин маросим дар сафҳаи "Facebook"-и худ зикр намудааст, ки ба паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 1 миилону 256 ҳазор доллар кумаки тиббӣ ихтисос дода шуд.
Гуфта мешавад, маводи тиббӣ аз моҳи январи соли оянда аз ҷониби ҷамъияти мазкур ба беморхонаҳои марбут ба онҳо тақсим мешавад.
Дар маросими супоридани маводи тиббӣ намояндагони ҳукумату вазоратҳо, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва ҳамчунин худи масъулони ҷамъияти мазкур ҳузур доштанд.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахири худ низ ба масъалаи Афғонистон дахл кард ва изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу субот дар ин кишвар аст.
Президент бори дигар ба зарурати ирсоли саривақтии кумакҳои башардӯстона таъкид кард ва гуфт, шаш пуле, ки ҳоло Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад, омодаи хидматрасонӣ аст.