Нигаронии Созмонҳои байналмилалӣ аз авзои номуносиби кӯдакон дар Афғонистон

© REUTERS \ Jorge SilvaДети из приюта играют во дворе после школьных занятий, Кабул
Дети из приюта играют во дворе после школьных занятий, Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ эълон кардааст, ки беш аз 50 дарсади аҳолии Афғонистон ба гуруснагии шадид рӯ ба рӯ шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Мавориди норасоии ғизои кӯдакон дар бархе аз вилоёти Афғонистон афзоиш ёфта, авзоъ барои кӯдакон бадтар шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории Садои Афғон .
Дар ҳамин ҳол, дафтари Созмони пизишкони бидуни марз дар Афғонистон (MSF) ахиран дар баёнияе аз афзоиши мавориди норасонии ғизои кӯдакон дар аксари вилоятҳои ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
Ин ниҳод идомаи хушксолӣ, камбуди маводи ғизоӣ, буҳрони иқтисодӣ ва адами як системаи коромади беҳдоштӣ дар Афғонистонро аз авомили умдаи афзоиши мавориди норасоии ғизои кӯдакон дар ин кишвар унвон кард.
Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории  Исломӣ дар Исломобод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Ҳусейнзода мавқеи Душанберо дар мавриди Афғонистон дар Исломобод баён дошт
Қаблан СММ эълон карда буд, ки беш аз 40 соли ҷанг ва офатҳои табиии сабаби тӯлонӣ шудани буҳрони маводи ғизоӣ дар Афғонистон шудааст.
Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милал ахиран ҳушдор дода буд, ки аз ҳудуди 40 миллион ҷамъияти Афғонистон, беш аз 50 дарсади ҷамъияти он бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0