https://sputnik.tj/20211223/rahmon-45-qonun-imzo-kard-1044349022.html
Эмомалӣ Раҳмон 45 қонунро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон 45 қонунро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
ПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин қонунро имзо кард
2021-12-23T15:35+0500
2021-12-23T15:35+0500
2021-12-23T20:02+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
қонун
эмомалӣ раҳмон
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813937_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_954c10aa62dd17915913b6980dc94d05.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чилу панҷ қонунро имзо кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Дастгоҳи президент.Ҳамин тавр аз ҷониби сарвари давлат қонунҳо “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи парандапарварӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” имзо шудаанд.Ҳамчунин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” низ ба имза расидаанд.Манбаъ афзуда, Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, дар он имтиёзу сабукиҳои мавҷуда нигоҳ дошта шуданд ва боз сабукиҳои нав пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хидматрасониҳои меҳмонхона аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз кам шудаанд.Қонунҳои зикршуда ба рушди соҳаҳои саноат, парандапарварӣ, густариши варзиш, тарбияи ҷавонон, беҳдошти шароити зисти мардум, таъмини қонуният ва пешрафти кори мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона шудааст.Ин қонунҳои дар матбуот интишор хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20211103/kodeks-andoz-tojikiston-andozbandi-sabuk-1043257354.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042813937_108:0:1925:1363_1920x0_80_0_0_a689d8558fb18145a3f9d137aaa44a17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, қонунҳои нав, имзо, кодекси андоз
эмомалӣ раҳмон, қонунҳои нав, имзо, кодекси андоз
Эмомалӣ Раҳмон 45 қонунро имзо кард
15:35 23.12.2021 (Навсозишуда: 20:02 23.12.2021) ПрезидентиТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин қонунро имзо кард
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чилу панҷ қонунро имзо кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Дастгоҳи президент.
Ҳамин тавр аз ҷониби сарвари давлат қонунҳо “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Дар бораи парандапарварӣ”, “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” имзо шудаанд.
Ҳамчунин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” низ ба имза расидаанд.
Манбаъ афзуда, Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, дар он имтиёзу сабукиҳои мавҷуда нигоҳ дошта шуданд ва боз сабукиҳои нав пешбинӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хидматрасониҳои меҳмонхона аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз кам шудаанд.
Қонунҳои зикршуда ба рушди соҳаҳои саноат, парандапарварӣ, густариши варзиш, тарбияи ҷавонон, беҳдошти шароити зисти мардум, таъмини қонуният ва пешрафти кори мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона шудааст.
Ин қонунҳои дар матбуот интишор хоҳанд шуд.