https://sputnik.tj/20211103/kodeks-andoz-tojikiston-andozbandi-sabuk-1043257354.html
Қабули кодекси нави андоз дар Тоҷикистон: вазир гуфт, андозбандӣ сабук шуд
Қабули кодекси нави андоз дар Тоҷикистон: вазир гуфт, андозбандӣ сабук шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомот Кодекси андоз дар таҳрири нав сабукиҳоро пешбинӣ кардааст
2021-11-03T15:04+0500
2021-11-03T15:04+0500
2021-11-03T15:26+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
вазорати молия
кумитаи андоз
кодекси андоз
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101449/65/1014496515_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_1ae8d6c2e72cba41790c9d21e76f2316.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатияш тарҳи Кодекси андозро дар таҳрири нав тасвиб кард.Ба вакилон Кодекси нави андозро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ карда гуфт, ки дар лоиҳаи ҷадид теъдоди умумии андозҳо аз 10 ба 7 адад расонда шуд.Номбурда гуфт, дар лоиҳа меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда низ коҳиш дода шудааст.Қаблан меъёри андоз аз арзиши иловашуда 18 фоиз буд, он дар лоиҳаи нав 15 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин давра ба давра, то соли 2027 кам шудани андоз аз арзиши иловашуда то 13 фоиз пешбинӣ шудааст.Нарзулло Маликзода, ноиби раиси Кумитаи андоз ва узви гурӯҳи таҳиякунандаи лоиҳаи кодекс пештар гуфта буд, ки дар лоиҳаи нав тартиби ҳисобу меъёрҳо нав шуд, ки ин, ба гуфтаи ӯ, албатта, талафот дар пай дорад.Ӯ афзуд, ки дар марҳилаи аввал мушкил хоҳад буд, аммо интизор доранд, ки дар дурнамо соҳибкорӣ, аз ҷумла истеҳсол рушд мекунаду манбаъҳои нави андозбандӣ пайдо мегарданд.Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомилгард аз феҳрасти молиёт хориҷ гардида, андоз аз фоида бо андоз аз даромад ва молиёт аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молумулк муттаҳид карда шуданд.Ба гуфтаи ӯ, меъёри ягонаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 12 фоиз муайян шуд, ки қаблан 8 ва 13 дарсад буд.Маликзода таъкид намуд, ки бо мақсади шаффофияти баҳисобгирӣ ва дақиқ нишон додани шумораи кормандону маош нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 фоиз то 20 фоиз кам карда мешавад.Ёдовар мешавем, дар оғози соли равон Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Вазорати молия ва Кумитаи андозро муваззаф кард, ки Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия, сарбории зиёдро кам ва ҳамчунин сабукиҳоеро барои соҳибкорону сармоягузорон фароҳам намоянд.
https://sputnik.tj/20210820/rahmon-maqomdoron-kodeks-nav-andoz-1041772510.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101449/65/1014496515_50:0:1473:1067_1920x0_80_0_0_30e97a4141e6ced08b24636d6f41fdcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кодекс нав андоз тоҷикистон андозбандӣ сабук
кодекс нав андоз тоҷикистон андозбандӣ сабук
Қабули кодекси нави андоз дар Тоҷикистон: вазир гуфт, андозбандӣ сабук шуд
15:04 03.11.2021 (Навсозишуда: 15:26 03.11.2021) Ба гуфтаи мақомот, Кодекси андоз дар таҳрири нав сабукиҳоеро пешбинӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатияш тарҳи Кодекси андозро дар таҳрири нав тасвиб кард.
Ба вакилон Кодекси нави андозро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ карда гуфт, ки дар лоиҳаи ҷадид теъдоди умумии андозҳо аз 10 ба 7 адад расонда шуд.
Номбурда гуфт, дар лоиҳа меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда низ коҳиш дода шудааст.
Қаблан меъёри андоз аз арзиши иловашуда 18 фоиз буд, он дар лоиҳаи нав 15 фоиз пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин давра ба давра, то соли 2027 кам шудани андоз аз арзиши иловашуда то 13 фоиз пешбинӣ шудааст.
Нарзулло Маликзода, ноиби раиси Кумитаи андоз ва узви гурӯҳи таҳиякунандаи лоиҳаи кодекс пештар гуфта буд, ки дар лоиҳаи нав тартиби ҳисобу меъёрҳо нав шуд, ки ин, ба гуфтаи ӯ, албатта, талафот дар пай дорад.
Ӯ афзуд, ки дар марҳилаи аввал мушкил хоҳад буд, аммо интизор доранд, ки дар дурнамо соҳибкорӣ, аз ҷумла истеҳсол рушд мекунаду манбаъҳои нави андозбандӣ пайдо мегарданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳа андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомилгард аз феҳрасти молиёт хориҷ гардида, андоз аз фоида бо андоз аз даромад ва молиёт аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молумулк муттаҳид карда шуданд.
“Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ба 13, барои дигар намуди фаъолият аз 23 ба 18 фоиз кам карда шуд. Ин андоз барои ташкилотҳои молиявии қарздиҳӣ ва ширкатҳои мобилӣ ба андозаи 20 фоиз таъйин гардид. То ҳол 23 фоиз буд”, - изҳор дошт Маликзода.
Ба гуфтаи ӯ, меъёри ягонаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 12 фоиз муайян шуд, ки қаблан 8 ва 13 дарсад буд.
Маликзода таъкид намуд, ки бо мақсади шаффофияти баҳисобгирӣ ва дақиқ нишон додани шумораи кормандону маош нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ меъёри андози иҷтимоӣ аз 25 фоиз то 20 фоиз кам карда мешавад.
Ёдовар мешавем, дар оғози соли равон Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар Вазорати молия ва Кумитаи андозро муваззаф кард, ки Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия, сарбории зиёдро кам ва ҳамчунин сабукиҳоеро барои соҳибкорону сармоягузорон фароҳам намоянд.