Патенти муҳоҷирони корӣ дар Маскав гарон мешавад

© Sputnik / Максим БлиновРаботники коммунальных служб
Работники коммунальных служб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Шаҳрдории пойтахти Русия гуфт, соли оянда нархи патент барои шаҳрванди хориҷӣ афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар Маскав қимати патенти муҳоҷирон боло меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати пойтахт.
Раиси шаҳр Сергей Собянин аз болоравии қимати патент барои муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия хабар дод.
Ҳамин тариқ мизони пардохти маблағи моҳона барои дарфёти муҷаввизи кору иқомат (патент) дар Маскав то 5,9 ҳазор рубл афзоиш меёбад.

"Мо арзиши патентро боло мебарем ва он 5,9 ҳазор рубл, тақрибан 6 ҳазор рубл дар як моҳро ташкил медиҳад, ки дар маҷмуъ пардохтҳои комили рақобатӣ ба буҷаро аз тарафи муҳоҷирон таъмин мекунад", - гуфт Собянин зимни суханронӣ дар Думаи шаҳри Маскав.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ аз пардохти шаҳрвандони худиштиғоли Русия ба маротиб бештар аст. Чунин тадбир пардохтҳои комили рақобатии буҷетро аз ҳисоби шаҳрвандони дигар давлатҳо таъмин хоҳад кард, таъкид кард Собянин.
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
Ба гуфтаи раиси шаҳр, дар Москва муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои иттиҳоди иқтисодӣ омадаанд, хеле суст назорат карда мешуданд. Инҳо, масалан, шаҳрвандони Қирғизистон ва Арманистон мебошанд. Аммо дар соли нав назорат аз болои муҳоҷирон пурзӯр мешавад.
Собянин гуфт, мувофиқи супориши ҳукумат, ба қонуни федералӣ тағйирот дароварда шудааст.
"Аз 1 январи соли оянда назорат аз болои муҳоҷирон ба таври қобили мулоҳиза тақвият мешавад", - афзуд ӯ.
Дар мавриди кори муҳоҷирон дар корхонаҳои шаҳрдорӣ дар Маскав Собянин қайд кард, ки имрӯз дар ин соҳа муҳоҷирон қариб нестанд.
Лентаи хабарҳо
0